Дар машварати назоратии назди раиси вилоят, ки охири ҳафтаи сипаригашта доир гардид, ҷараёни иҷрои қарори раиси вилоят оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва машруботи спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор» ва амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мувофиқи гузориши сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев дар алоқамандӣ ба амалисозии рушди моҳипарварӣ дар вилоят як қатор корҳо иҷро гаштаанд.
- Айни замон,- гуфт Назрӣ Назриев,- дар қаламрави вилоят 16 хоҷагии моҳидорӣ сабти ном шудаанд ва барои рушди соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисме аз онҳо бо маводи лозимӣ барои тараққии соҳаи моҳипарварӣ мувофиқи имкон таъмин шудаанд. Дар шаҳри Хоруғ ва аксари ноҳияҳо камаш як — ду нафар соҳибкор ба тараққии ин соҳа даст задаанд. Дар вилоят дар баробари кӯлҳои табиӣ ва дарёҳо, ки манбаи асосии моҳипарварӣ мебошанд, инчунин кӯлу обанборҳои сунъӣ бо ин мақсад бунёд ёфтаанд. Ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ замини муайян барои ташкили обанборҳо дар соҳили рӯду дарёҳо ҷудо карда шудааст. Соли сипаригашта хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят 30 тонна гӯшти моҳӣ ба фурӯш бароварданд. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар ҷараёни баррасии ин масъала изҳор дошт, ки иҷрои барнома аз ҷониби идораҳои марбута — Раёсати кишоварзӣ, Хоҷагии ҷангал, Парки миллӣ, маъмурияти мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои вилоят ҳанӯз қонеъкунанда нест. Моҳипарварӣ дар шароити вилоят яке аз соҳаҳои камхарҷу сердаромад мебошад. Фақат аз ҳисоби кӯлу обанборҳои сунъӣ ва дарёҳо дар вилоят соле то 200 тонна моҳӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Барои хоҷагиҳое, ки гӯё ба моҳипарварӣ машғуланду теъдодашон 16 адад аст, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зиёде барои ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ҷудо шудааст, аммо натиҷаи корашон маълум нест ва ягон идора ҳам корашонро танзим намекунад. Ҳудуде, ки барои ин хоҷагиҳо ҷудо шудааст, аз 20 гектар зиёд аст, аммо истифодаи он ғайриқаноатбахш мебошад. Раиси вилоят яке аз сабабҳои асосии дуруст рушд наёфтани соҳаи моҳипарвариро дар набудани мутахассисон маънидод намуд. Яшилкӯл яке аз манбаъҳои асосии захираи моҳӣ дар вилоят аст, аммо ба сабаби он ки ҳамасола дар давраи зимистон оби он барои муназзам кор кардани Неругоҳи барқи обии «Помир» истифода мегардад, сатҳи оби кӯл сол ба сол паст мешавад. Дар чанд соли охир захираи моҳӣ дар он ҷо то 50-60 фоиз кам гаштааст. — Барои барқарор намудани он бояд идораҳои марбута — Раёсати муҳити зист, Ширкати энергетикии «Помир» барномаи мушаххасеро роҳандозӣ намоянд, — гуфт Шодихон Ҷамшед. Раиси вилоят инчунин гуфт, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилоят бояд стратегияи мукаммали аз нигоҳи илмӣ асоснокгардида таҳия карда шавад.
Раиси вилоят ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор»-ро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ғайрикифоя арзёбӣ намуд. Дар робита ба ин масъала сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Қиличбек Қиличбеков ҳисобот дод. Мувофиқи гузориши мавсуф дар шаҳри Хоруғ ҳамагӣ 16 нуқтаи савдо иҷозатномаи фурӯши арақ доранд, аммо дар асл теъдоди ин нуқтаҳо ду баробар зиёд аст ва пӯшида нест, ки дар аксарияти онҳо арақи пастсифат ба фурӯш бароварда мешавад.
Ба идораҳои марбута супориш дода шуд, ки ҷиҳати воқеан ҳам танзим намудани фурӯши машруботи спиртӣ дар шаҳри Хоруғ тадбирҳои судмандро дар кӯтоҳтарин муддат рӯи кор оранд.
Дар машварат инчунин ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар муассисаҳои давлатии вилоятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мудири бахши муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят Мулкамон Каниев аз рӯи ин масъала гузориш дод.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»