Шодихон Ҷамшед — раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Алиакбар Песнанӣ — намояндаи комилҳуқуқи созмонҳои Аълоҳазрат Оғохони IV дар Тоҷикистон, Ёдгор Файзов — директори иҷроияи Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон ва Бахтиёр Азизмамадов — менеҷери минтақавии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон дар Бадахшон мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот Алиакбар Песнанӣ зикр намуд, ки ҳадафи сафари мо ба Бадахшон шиносоӣ аз ҷараёни амалишавии барномаҳои ҳамкориҳои мо бо Ҳукумати кишвар дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят мебошад.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни суҳбат чунин изҳор дошт:
- Ҳамкориҳои мо бо созмонҳои Аълоҳазрат Оғохони IV ҳамаи самтҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи Бадахшонро фарогир аст ва мо аз ин дастгириҳо сипосгузорем. Ҳамкориҳо чандин сол боз идома дошта, барои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии вилоят аз тарафи ин созмонҳо маблағи зиёд равона шудааст. Дар баробари ин, мо мехоҳем, ки таҷриба ва имконоти ин созмонҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, ба вижа дастгирии соҳибкории хурду миёна низ, бештару самараноктар истифода шавад. Бисёр хуб мебуд, агар барои дастгирии соҳибкорон фонди махсуси пешниҳоди қарзҳо созмон дода шавад, ки он тавонад ба соҳибкорон қарзҳоро бо фоизҳои пасттар ва муҳлатҳои дарозтар пешниҳод намояд, зеро ҳоло соҳибкорони вилоят бинобар надоштани маблағҳои муътамади ибтидоӣ фаъолияташонро ба дараҷаи лозимӣ пеш бурда наметавонанд, ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ кам даст мезананд. Қарзҳои пешниҳоднамудаи бонкҳо бошанд, бо фоизи калон дода мешаванд ва муҳлати баргардонии онҳо низ хеле кам аст. Масалан, чунин қарзҳо барои ташкили фермаи чорводорӣ мувофиқ намеояд, зеро чунин фермаҳо камаш баъди 3-4 сол ба боздеҳи маҳсулот мегузаранд. Ё худ ташкили корхонаҳои истеҳсолиро низ бо ин гуна қарз ба роҳ мондан ғайриимкон аст. Проблемаи ҷиддие, ки имрӯз Ҳукумати кишвар, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, афзоиши сатҳи бекорӣ, махсусан байни ҷавонон мебошад. Айни ҳол теъдоди бекорон танҳо дар шаҳри Хоруғ ба 3,5 ҳазор нафар расидааст. Аз сабаби шуғл пайдо накардан, бештари ҷавонон рӯ ба муҳоҷират меоранд. Боиси нигаронист, ки бештар аз 1200 нафари бекорон дорои маълумоти олӣ мебошанд.
Маҳз бо дастгирӣ ёфтани соҳибкории хурду миёна ва ташкили корхонаҳои хурд мо имкон пайдо менамоем, ки сатҳи бекориро дар қаламрави вилоят коҳиш диҳем.Ташкили корхонаҳо дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эҷоди дастӣ, коркарди сабзавот, мева, маҳсулоти гӯштию ширӣ, ки талабот ба он хеле зиёд аст, дар кам кардани сатҳи бекорӣ саҳми муносиб гузошта метавонанд. Мо ҳатто имконияти содиротии обҳои минералиро надорем. Ҳол он ки обҳои минералӣ ва рӯдхонаҳои Бадахшон шаффофу зулоланд ва дар ҷаҳон харидори зиёд пайдо карда метавонанд. Қариб нисфи меваҳои боғоти Бадахшон аз истифода берун мондаанд, ҳатто панҷ фоизи он ҳам коркард намешавад. Инҳо самтҳое ҳастанд, ки маблағгузорӣ ва қувваи кории зиёдро талаб надоранд, вале сатҳи бекориро метавонанд коҳиш диҳанд.
Алиакбар Песнанӣ қайд намуд, ки Хазинаи Оғохон ният дорад, ки барои соҳибкорони вилоят чунин фонд таъсис диҳад. Дар баробари ин, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ алоҳида дастгирӣ меёбанд. Мавсуф ҳамчунин арз дошт, ки мо сохтмони толори варзишии миёнмарзиро дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ барои истифодаи муштарак ҳам барои варзишгарони Бадахшони Афғонистон ва ҳам барои варзишгарони Бадахшони Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоем. Сармоягузории толори варзишии маҳаллаи Хоруғи Болоро низ ба уҳда мегирем. Сарчашмаҳои маблағгузории бунёди бозори наздисарҳадии маҳаллаи Темро низ аллакай дарёфт намудем ва имрӯзҳо сохтмони он оғоз меёбад.
Тарафайн доир ба тамдиди шартномаи дастгирии молиявии Агентии байналмилалии «Ҷайка»-и Ҷопон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ба маблағҳои барои ҳар як ноҳия аз 300 ҳазор то 350 ҳазор доллари амрикоӣ ба мувофиқа омаданд.
Раиси вилоят доир ба тезонидани сохтмони бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ таклиф ба миён гузошт ва Алиакбар Песнанӣ қайд намуд, ки маблағгузории ин иншоот аллакай ҳал гардида, сохтмони он дар рӯзҳои наздик вусъат меёбад. Ҳамзамон, имрӯзҳо дар сохтмони Ҷамоатхонаи марказии шаҳри Хоруғ корҳои заминӣ оғоз меёбанд. Шодихон Ҷамшед доир ба зарурияти ташкили хизматрасонии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар назди чашмаҳои «Ҷелондеҳ» ва «Авҷ» ибрози назар намуд, зеро, айни ҳол дар ин мавзеъҳо ягон меҳмонхона ва ягон ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи замонавӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, онҳо мизоҷонро ба худ ҷалб намекунанд.
Алиакбар Песнанӣ иттилоъ дод, ки созмонҳои Оғохон нақша доранд, ки имсол ба ин самт маблағҳои муайян равона намоянд. Ҳамчунин соли равон азнавсозии истироҳатгоҳи Бибӣ Фотимаи Заҳроро анҷом хоҳанд дод. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки ба вилоят барои саёҳат ва истироҳат меҳмонони зиёде аз хориҷи кишвар ҷалб карда шаванд. Дар назар аст, ки майдони ҳавоии шаҳри Хоруғ азнавсозӣ ва барои хизматрасонии шабонарӯзӣ мувофиқ кунонида шавад.
- Чанде пеш бо вазири тандурустии Хазинаи Оғохон доктор Қайс Фолравен мулоқот доштем ва мо дар ин суҳбат қайд намудем, ки ҳифзи тандурустӣ дар Бадахшон ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. Мо бо кумаки ин ниҳод ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ ба таҷҳизоти зиёд ва гаронбаҳои ташхисии тиббӣ дастрасӣ пайдо кардем, вале барои истифодаи ин дастгоҳҳо мутахассис омода нашудааст ва дар самти табобати маризоне, ки бемории онҳо дар Маркази замонавии ташхиси тиббии минтақавии шаҳри Хоруғ муайян шудааст, имконоти кам дорем. Чунки мутахассисони бо таҷҳизоти муосири тиббӣ коркунанда ва дастгоҳҳои замонавии тиббӣ надорем. Яъне, агар дар тӯли чанд соли охир дар самти ташхиси тиббӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар шуда бошем ҳам, дар самти табобат ё бистарикунонӣ ҳанӯз хеле қафо мондаем, -изҳор намуд раиси вилоят.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»