ҶДММ «Панҷ», воқеъ дар ноҳияи Рӯшон, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонии хушсифатро ба роҳ мондааст, тайи чанд соли охир корхонаву муассиса ва ширкатҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо қум, рег ва шағал таъмин менамояд.
Иқтидори истеҳсолии корхона бо истифода аз технологияи нави замонавӣ ва афзун будани ашёи хом ҳамасола зиёд шуда, дар як соат 76 куб шағал ва 46 куб бетон истеҳсол мешавад. Дар корхона сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки дар ин замина сатҳи зиндагии мардум баланд гардидааст.
Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон низ корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардида, барои фаъолияти мунтазами он аз Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷҳизоти замонавӣ барои майда кардани санг ворид шуда, баъди бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ кор дар ин самт вусъати тоза пайдо кард. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи кӯҳистон буда, таъсис додани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ бамаврид мебошад, зеро дар ин ҷо ашёи хом фаровон аст.
Бо мақсади тезонидани кор ва таъмини сохтмончиён бо масолеҳ аз дарёи Ғунд барои интиқол додани об ба коргоҳ қубурҳои обгузарро насб намудаанд.
Бо истифода аз масолеҳи истеҳсолгардидаи ҶДММ «Панҷ» имрӯз корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои худуди вилоят бомаром ҷараён дорад. Барои хушсифат гузаронидани мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард техникаҳои гуногуни корхона сафарбар шуданд.
Дар баробари ин, роҳбарияти ҶДММ «Панҷ» дар ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят саҳми муассир дорад. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбута ҶДММ «Панҷ» дар иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат ва амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ саҳмгузор аст.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»