мегӯяд сардори филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хоруғ Ақназар Гиёев
Дар тамоми давлатҳои пешрафтаи олам таъмини фаъолияти муназзаму пурмаҳсули низоми бонкӣ дар мадди назар қарор дошта, мақомоти марбута барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидани фаъолияти он мусоидат менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои фаъолияти муназзам ва пурмаҳсули низоми бонкии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда, бо истифода аз имконоти мавҷуда бонкҳоро дастгирӣ менамояд, зеро фаъолияти самараноки бонкҳо, ки аз рӯйи моҳият муҳаррики иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбанд, метавонанд ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар такони ҷиддӣ бахшанд. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки бо ибтикори бевоситаи Роҳбари мамлакат ҷиҳати мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, қонунгузории кишвар бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ такмил дода шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ хеле афзуда, ин раванд бемайлон густариш ёфта истодааст.
Зимни сафари хизматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят аз фаъолияти филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҶСК «Агроинвестбонк» яке аз пешсафони низоми бонкии кишвар маҳсуб меёбад ва филиалҳои он ба ҳама ибтикороте, ки ба рушди вилоят нигаронида шудаанд, аз ҷумлаи аввалинҳо ҳамовозӣ менамояд. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки аксари лоиҳаҳое, ки ҶСК «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ намудааст, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тариқи дастгирии бахши кишоварзӣ, ки дар шароити кунунӣ барои ҷумҳурии мо хеле муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад, нигаронида шудааст. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҶСК «Агроинвестбонк» бо 62 филиал, 26 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 91 нуқтаи интиқоли маблағ дар гӯшаву канори кишвар ба мизоҷон номгӯйи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешниҳод намуда истодааст. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки ҷойгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» дар бозори бонкии мамлакат низ хос буда, мизоҷонаш ҳамвора зиёд мешаванд. Иттилоъ гирифтам, ки фаъолияти филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти фавқуззикр дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дошта, замина фароҳам овардааст, ки мардуми ин минтақаи дурдасти кӯҳистони кишвар низ аз хизматрасониҳои босифати бонкӣ баҳравар бошанд.
Бо мақсади гирифтани маълумоти бештар аз филиали бонк дар шаҳри Хоруғ дидан намуда, бо сардори он Ақназар Гиёев ҳамсуҳбат гардидам. Мавсуф минҷумла зикр намуд, ки дар заминаи кӯшишҳои роҳбарият ва кормандони филиал фаъолияти бонк рушду тавсеа ёфта, нишондиҳандаҳо дар ҳама самт ҷавобгӯйи талаботанд.
-Ҳоло баҳри боз ҳам беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор, ҷорӣ кардани шаклҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ғайра ҷаҳду талош намуда истодаем,- гуфт мавсуф дар идомаи суҳбат.
Ақназар Гиёев аз Паёми Роҳбари мамлакат ба мақоми олии қонунгузори кишвар, ки соли 2012 ироа гардида буд, ёдовар шуд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим чунин зикр шудааст: «Бояд ҷиҳати афзун намудани шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои дарозмуддат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ, чораҷӯӣ карда шавад. Таъкид менамоям, ки ба масъалаи дастгирии субъектҳои соҳибкории маҳалҳои дурдасти кӯҳистон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии хурди имтиёзнок ба онҳо дар оянда низ аҳамияти махсус дода мешавад».
Мавсуф муътақид аст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» дар таъмини дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасту кӯҳистони кишвар ба хизматрасониҳои бонкӣ яке аз пешсафон маҳсуб меёбад, зеро айни замон дар баробари фаъолияти пурмаҳсули 62 филиали бонк дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин теъдоди зиёди нуқтаҳои интиқоли маблағ ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамрадиф бо 8 филиал, 12 нуқтаи интиқоли маблағ ва як маркази хизматрасонии бонкӣ дар дурдасттарин минтақаҳо, ки сокинонаш пештар чунин сатҳу сифати хизматрасонии бонкиро танҳо орзу менамуданд, фаъолияти пурмаҳсул доранд. Таъсиси нуқтаҳои интиқоли маблағ аз ҷониби бонк вобаста бо тақозои замон амалӣ шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани чунин нуқтаҳо шароит фароҳам овардааст, ки ҳамватанони мо маблағҳои аз ҷониби пайвандонашон интиқолгардидаро сари вақт дастрас намуда, дар ҳолати зарурӣ ба хориҷи мамлакат низ маблағ интиқол диҳанд.
Давоми соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар 20 миллиону 560 ҳазор доллари ИМА интиқол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давараи соли гузашта 946 ҳазору 328 доллари ИМА зиёд аст. Бонк бо 14 низоми байналмилалии интиқоли маблағ ҳамкорӣ намуда, тавассути онҳо маблағҳои интиқолиро ба шаҳрвандон дастрас менамояд. Дар ҳамин радиф, маркази хизматрасонии ҶСК «Агроинвестбонк» дар хизмати мизоҷон қарор дорад. Махсусияти фаъолияти чунин марказ дар он зоҳир мегардад, ки агар дар нуқтаҳои интиқоли маблағ ба мизоҷон танҳо хизматрасонии интиқоли маблағ пешниҳод гардад, пас дар маркази зикргардида шаҳрвандон имкон доранд аз номгӯйи нисбатан васеи хизматрасониҳои бонкӣ баҳравар шаванд. Аз суханони Ақназар Гиёев маълум гардид, ки ҷалби пасандозу амонат, пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, интиқоли маблағ, маблағгузории тиҷоратӣ, хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, мубодилаи асъор ва дигар намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумлаи маҳсулоти асосии пешниҳодшаванда ба шумор мераванд. Айни замон филиалҳо барои зиёд намудани иқтидори захиравиашон бо ҷалби пасандозҳои аҳолӣ тавассути пешниҳоди 15 номгӯй маҳсулоти пасандозии бонкӣ, ки ба талаботи ҳама табақаҳои мизоҷон ҷавобгӯй аст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд. Самараи чунин иқдомот буд, ки бақияи сандуқи пасандозҳо (пасандозҳои дархостшаванда, амонатӣ, муҳлатнок) ба 30 миллиону 813 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2013-ум 5 миллиону 535 ҳазор сомонӣ бештар аст. Фоизҳои амалкунандаи пасандозҳои бонк ба талаботи бозори пасандозии ҷумҳурӣ мутобиқ буда, боварии аҳолӣ низ ба бонк ҳамвора зиёд мешавад.
Яке аз самтҳои бартаридошта барои бонк пешниҳоди қарз барои соҳаи кишоварзӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд мебошад, зеро ҶСК «Агроинвестбонк» ба нақшаҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба равнақи иқтисодиёт бетараф набуда, вазифаҳои бонк дар ин самт ба кам намудани хавфҳо ва зиёд кардани гардиши воситаҳои гузошташаванда равона шудааст.
Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр намуд, ки соли 2014 ҳаҷми қарзҳои ҷудошуда дар вилоят ба 32 миллиону 93 ҳазор сомонӣ баробар гардида, шумораи онҳо беш аз 2446 ададро ташкил додааст. Қарзҳои тӯли соли 2014 аз тарафи филиалҳо ҷудошуда ба соҳаҳои кишоварзӣ – 6 миллиону 938 ҳазор сомонӣ, соҳибкорӣ– 16 миллиону 409 ҳазор сомонӣ, истеъмолӣ – 7 миллиону 731 ҳазор сомонӣ ва дигар соҳаҳо – 1 миллиону 15 ҳазор сомонӣ рост меояд. Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бевосита ба беҳтаршавии вазъи молиявию иқтисодии навоҳии кӯҳистони ҷумҳурӣ алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, ҶСК «Агроинвестбонк» ба ин ноҳияҳо диққати махсус дода, ба минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ қарзҳои хурдро нисбатан зиёд пешниҳод намуда истодааст.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз моҳи октябри соли 2012 инҷониб дар ҳамкорӣ бо мутахассисони лоиҳаи TAFF пешниҳоди қарз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҷорӣ шудааст. Дар ҶСК «Агроинвестбонк» истифодаи технологияи ҷадид густурда роҳандозӣ шуда, омили мазкур замина фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар гардида, ҷараёни фаъолият ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад. Имрӯз дар фаъолияти бонк навтарин технологияи низоми бонкдорӣ мавриди истифода мебошад. ҶСК «Агроинвестбонк» дар самти ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ ва насби банкомату POS- терминалҳо низ аз пешсафон маҳсуб ёфта, айни замон чор банкомат ва ҳашт POS- терминали ин бонк дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор доранд.
Гуфтан бамаврид аст, ки аввалин банкоматро дар ВМКБ маҳз ҶСК «Агроинвестбонк» ба истифодаи шаҳрвандон вогузошта буд. Дар ҳамин радиф, аз ҷониби бонк ба 2873 мизоҷ кортҳои пардохтӣ омода ва дастрас шудааст. Ҳамсуҳбатам аз таваҷҷуҳу дастгириҳои раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Суюнхон Рустамов ёдовар шуда, омили мазкурро заминаи асоси беҳбудӣ ёфтани фаъолият арзёбӣ намуд. Умури назорат ва низоми роҳбарӣ аз ҷониби раёсат тарзе ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як корманди бонк имкон дорад ва вазифадор аст, ки вазифаи хизматиашро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намояд.
Зимни суҳбат бо мизоҷони филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хоруғ онҳо омил ва сабабҳои маҳз ин муассисаи молиявиро ба сифати ҳамкор интихоб намуданашон ба сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ, обрӯву нуфузи баланд дар дохил ва хориҷи мамлакат, пешсаф будан дар самти истифодаи технологияи ҷадид, роиҷ будани муносибати хеле хуби кормандони бонк бо мизоҷон рабт медиҳанд.
- Нишондиҳандаҳои раванди фаъолият аз он шаҳодат медиҳанд, ки саҳми ҶСК «Агроинвестбонк» дар рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзанда аст. Кӯшиш менамоем, ки бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда фаъолиятамонро беш аз пеш густариш бахшем,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Ақназар Гиёев.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».
Душанбе-ВМКБ-Душанбе