- мегӯяд халифаи ноҳияи Роштқалъа Бекмурод Зикраков
Ҳар инсон пеш аз тулуи офтоб ба номи Худованди карим намоз мегузорад ва илтиҷо мекунад барои бандагони хеш тинҷиву оромӣ насибу рӯзӣ гардонад. Баъдан аз думболи орзуҳои қалбаш саҷда мекунаду дуо мехонад, то ки муъминонашро аз чанги золим, аз чархи паррон, марги беамон ва дигар офатҳои замона эмин нигоҳ дорад. Худоро шукр мекунам, ки ин дуои ҳар як фарди мусулмони тоҷик мустаҷоб гардид ва беш аз бист сол боз мо дар фазои сулҳу салоҳ умр ба сар мебарем. Бояд гӯям, ки аз ин давлати бузургтаре барои мо нест ва нахоҳад буд.
Бешак, он дуои хайри мардуми мусулмони мо- тоҷикон буд, ки ба Тоҷикистон сулҳ баргашт. Дуои нек буд, ки мардум воҳид гашт, ваҳдат кард ва он фоли нек ба мо сулҳ овард. Меъмори ин сулҳ фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд. Бар ин неъмати худовандӣ, ки ба воситаи Сарвари давлат ба мо васила кард, садҳо бор шукргузорӣ мекунем. Ҳамчунон дар дини мубини Ислом ибодати Ҳақ таъоло бар ҳар банда воҷиб аст, шукргузорӣ аз неъматҳояш бар бандагон воҷиб аст. Шукри неъмат он аст, ки пеши Худованд осӣ нашавӣ дар неъматҳои вай. Яъне, неъмати Ҳақ таъоло ба ғайри ризои ӯ сарф накунӣ. Мо — мискинонро тавфиқи сулҳу оромӣ ато кард ва мо бояд ҳамеша шукргузори ин неъмати худодода бошем.
Бубинед, ки сулҳу ваҳдат моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Ин сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони имрӯза як таҳаввулоти бузурге буд, ки оламиёнро дар ҳайрат гузошт. Он қасамеро, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин рӯзи ба минбари сарварӣ нишастанаш ёд кард, барои сулҳу амонӣ буд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам». Имрӯз сулҳу Ваҳдат пойдор гашт, неъмати дигаре ба мо лозим нест. Ман ҳамчун як фарди диндор мутмаъин ҳастам, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари тоҷикони ҷаҳон вазифа ё худ рисолати таърихии худро дар назди Худованд ва халқи худ бо сари баланд иҷро намуд.
- Назари шумо ҳамчун намояндаи дин дар хусуси озодии виҷдон дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
- Он озодие, ки имрӯз мо дорем, дар ягон давлати дунё нест. Ин ҳам як неъмат аст, ба он ҳам шукргузорӣ бояд намоем. Чаро? Дар замони шӯравӣ ба ҳамагон маълум буд, ки дин ва ба ҷо овардани расму оин чӣ мушкилие дошт. Намоз гузоштан, худоӣ додан, хатнаю никоҳ кардан пинҳонӣ ва пардапӯш буд. Касе агар дар вазифаи давлатӣ кор мекард, ҷанозаи хешу табори наздиконашро ҳам пинҳонӣ мегузаронд. Даҳҳо шахсони бомаърифатро туҳмат бофта, ҳабс мекарданд. Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият дорад, ки ягон дин, ягон мазҳаб таъқиб ё таҳқир намегардад. Танҳо ҳама чиз бояд дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардаду халос.
Хотирнишон бояд кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми мусулмонаш чор маротиба Китоби муқаддас — Қуръони Каримро ба табъ расонд ва бепул ба халқаш тақсим кард, то ки мо онро хонем, мулоҳиза кунем ва хулоса барорем, ки он моро ба роҳи рост, хештаншиносӣ, кирдору пиндори нек ва ахлоқи нек ҳидоят мекунад.
Худованди олам мегӯяд, ки ман дунёро офаридам, халқро низ офаридам ва ба фирқаҳо ҷудо кардам. Ҳама фарзандони мананд. Ҳар касе дар ҳаққи ин фирқаҳо сухани носазо ё норавое гӯяд, бидонад, ки дар ҳаққи ман гуфтааст. Ин суханон аз қил ҳам нозуктаранд ва ҳар касе худро мусулмон хонад, дар ҳаққи бародари муъминаш сухани носазоеро раво набинад, то дар рӯзи қиёмат шармандаю шармсор нагардад.
Нуктаи дигареро, ки ман мехостам таъкид созам, ин таҳаммулпазирист ва онро Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама хубтар дарк карданд.
Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳазорсолаҳо ташнаи дидори Имоми худ буданд, вале барои онҳо дидор муяссар нашуд. Сарвари давлат ин умеди моро амалӣ сохт ва моро ба дидори Ҳозиримом мушарраф гардонд. Ин хизмати Президенти кишварро мардуми ВМКБ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Мо хуб дарк мекунем, ки Сарвари давлат ба ҳар кадом минтақаи ҷумҳурӣ қадами муборакашро ранҷа кунад, он гӯша аз файзу баракаташ ҳусну нумуъ меёбад, обод мегардад, мардумашро дилшод мекунад. Аз ҳама муҳимаш дастгиру дастёри бечорагон, дармондагон ва бепарасторон аст. Хости Парвардигори олам ҳам ҳамин аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдорӣ нияти нек ва иродаи қавӣ дорад. Бори нахусте, ки ба ноҳияи дурдасти Роштқалъа соли 1994 қадам ранҷа намуд ва ба мардум мулоқот орост, моро ба ояндаи нек дилгарм кард. Чашми моро ба зиндагӣ равшан сохт. Вақте ки соли 2010 маротибаи дуввум дар даҳсолагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ноҳияи Роштқалъа омад, аз қадами муборакаш диёри мо гулафшон шуд. Он вақт ба ман муяссар гардид дар наздаш ҳарф занам ва ду мисраи эҷодкардаамро ба Ҷаноби Олӣ ифшо намоям:
Сарвари давлат хирадманди асил,
Дӯстдори мардумони Шоҳдара.
Бубинед, ки дар дунё ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад. Аз ин лиҳоз, чӣ хурду чӣ бузург бо ҳидояти Ҷаноби Олӣ дар ҷабҳаи худшиносии миллӣ, бедории шуури миллӣ ва ифтихор аз он, эҳтиром ба забону русуми миллӣ моро водор мекунад, ки бо назари ақли солим аз пайи он қадам бардорем.
Сарвари моро дунё шинохт ва пазируфт. Шинохта шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 нафар мусулмони маъруфу бонуфузи саросари олам барои халқи Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми шарифи ВМКБ, шодиву сурури беандоза овард.
- Шумо аз мулоқоти навбатӣ чиро интизоред?
- Ман аз ин мулоқот пеш аз ҳама онро интизор ҳастам, ки Сарвари давлат ба халқаш, ба ақли солиму хиради азалиашон дар пойдории давлати тоҷикон, ки худ пойдевори онро гузошт, такя менамояд ва бори дигар моро бо роҳи рост ҳидоят хоҳад кард. Умедвор аз он ҳастам, ки ҳар иштирокчии ин вохӯрӣ садои дили ӯро дар қалбаш ҷойгузин мекунад ва тавре ки мегӯянд «Подшоҳ сояи Худост дар замин» ва мо аз он соя бояд баҳра бигирем.
Ба мардум ва фарзандонам ҳаминро таманно дорам, ки ба дасисабозиҳои ашхоси бегона гӯш наандозанд, то ки мардумро аз фарҳангу тамаддуни хеш дур насозанд, бо истифода аз номи дини мубини Ислом мардумро гумроҳ накунанду ба гардан ё худ тори зеҳни миллати бофарҳанги тоҷик афкори бегонаро бор накунанд. Дар пеш маъракаи басо муҳиму тақдирсоз қарор дорад ва ман ба ҳама муроҷиат мекунам, ки бо ақлу фаросат ва маърифати худ такя кунед. Нагузорем душманони миллат дубора моро раҳгум созанд.
Мехостам суҳбатамро бо чанд мисраи шеъри худ ба охир расонам ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон сарҷамъӣ ва тавфиқи давлатдориро таманно кунам…
Пас биёед, ай азизон, тоати Аллоҳ кунем,
Пушт бар шайтон намуда, рӯй бар Имон кунем,
То ба кай исрофкорӣ, худнамоиҳо кунем?
Одати бадро гузорем, некукориҳо кунем,
Шукри Истиқлолу Ваҳдат дар дили худ ҷо кунем.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»