ВАНҶ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар ноҳияи Ванҷ соли гузашта 12 иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 4, биноҳои маъмурии суд ва суғуртаи ноҳия, хонаи фарҳанг дар маркази деҳоти Техарв, дар се деҳа хати оби нӯшокӣ, инчунин маркази нави савдо, дорухона, нуқтаи таъмири техникӣ ва сӯзишворӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар 13 иншооти дигар сохтмон идома дорад. Барои анҷоми ин корҳо бештар аз 16, 2 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Аксари иншооти сохташаванда дар нимаи аввали соли равон то таҷлили 16- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон