Бо мақсади дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани қитъаи роҳи автомобилгарди шоҳроҳи Душанбе — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Кулма Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвоз сифати хизматрасониро беҳтар намудааст.
Азбаски бештар аз 260 километр роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ аз ҳудуди ноҳияи Дарвоз мегузарад, ба дӯши роҳсозони ин мавзеъ масъулияти зиёд меафтад. Айни ҳол дар ихтиёри роҳсозон ҳамагӣ чор адад техникаи нави роҳсозӣ мавҷуд буда, дигар механизмҳо аз даврони Шӯравӣ мерос мондаанд. Яке аз мушкилоти роҳсозон сари вақт ба мавзеъҳои вайронгаштаи роҳ расонидани техникаи роҳсозӣ ва роҳсозон мебошад. Ҳоло мушкилоти мавҷуда қисман ҳал гардид. Аз ҳисоби механизаторон гурӯҳи зудамал ташкил гардида, як автомобили боркаши КАМАЗ ба ихтиёри онҳо дода шуд. Гурӯҳи корӣ шабонарӯз дар ҳолати омодабош қарор дорад. Роҳбарияти муассиса барои пешбурди кор хонаи алоҳидаро бо ашёву анҷоми зарурии рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида, ба ихтиёри роҳсозони навбатдор дод. Як нафар ронанда ва се нафар механизаторон навбатдориро тамоми фасли зимистон идома медиҳанд. Аз рӯйи гуфти сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгардии ноҳияи Дарвоз Киромиддин Афғонов, ҳамаи ин чорабиниҳо ба хотири дар фасли зимистон қитъаи 260 километраи роҳи автомобилгарди байналмилалиро дар ҳолати кушода нигоҳ доштан аст.
-Зимистони имсола камбарф буд, вале баъзе вақтҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудем, — мегӯяд Киромиддин Афғонов. -Барои мисол дар қисмати болоии ноҳияи Дарвоз барф кам борида бошад ҳам, мавзеи Зиғар тайи чанд рӯз зери боришоти фаровон буд. Аз мавзеи Шӯроободи вилояти Хатлон то Хостави ноҳияи Дарвоз, ки зиёда аз сад километрро ташкил медиҳад, барфи зиёд борид, вале роҳсозон сари вақт онро тоза намуда, ҳаракати муназзами нақлиётро таъмин намуданд.