(Ё худ ёде аз дӯст ва ҳамқалам)
Қаламкашӣ кори осон нест. На ҳар кас метавонад бо қалам эҷод кунад. Барои қаламкаши хуб шудан донишу маърифати баланд ва иродаи қавӣ доштан лозим. Пайваста дар ҷодаи сухан сӯхтану сохтан даркор. То дар кӯраи сухан обутоб наёбӣ, сухани рӯи коғаз овардаи ту мақбули сухансанҷ нахоҳад шуд. Чун сухани кас рӯи коғаз табиӣ ояд, онро хонанда бо самимият мехонаду қабул менамояд. Ҳар як сухани қаламкаш бояд ҷоею ҳар нуктаи он ҳатмӣ маконе дошта бошад. Чун ин андоза риоя гардид, бидон, ки дар ҷодаи хабарнигорӣ қадами устувор мегузорӣ. Аз ҳама муҳимаш, дигаронро ҳидоят мекунию дар дилашон меҳри ин касбро ҷойгузин месозӣ. Суханонро чида-чида гулдӯзӣ мекуниву рӯи коғаз меорӣ. Тарзе навис, ки хонанда ҳам ханда кунаду ҳам гиря, ҳам ба тарсу ваҳм ояду ҳам ба ғазаб. Чунон сатрҳоро иншо кун, ки хонанда онҳоро мисли шуълаҳои заррини офтоби субҳ бесаброна интизор бошад.
Журналист дар ҳама давру замон оинадори зиндагист. Ӯ набзи замона буда, бо дили нозуки хеш ба мардум ифшои роз мекунад. Бо сеҳри хомаи хеш густариши ҳусну қубҳи ҳаёти воқеиро дар саҳифаи матбуоти даврӣ инъикос менамояд.
Яке аз чунин журналистони варзида Корманди шоистаи Тоҷикистон Қирғизбек Чоршанбеев буд, ки дар пойдории рӯзномаи «Бадахшон» мақоми хосе дошт. Марди соҳибдониш, ботамкин ва сермаҳсул буд. Дар навиштани хабару мақола, латифаю ҳикоя, очерк ҳамто надошт. Барои ҳамин ҳамкоронаш ӯро дӯст медоштанду устоди худ мехонданд.
Бори нахуст бо акои Қирғизбек соли 1975, вақте ки маро ба идораи рӯзномаи «Бадахшони советӣ» ба кор қабул карданд, шинос гардидам.
Ӯ масъули баровардани шумораи махсуси рӯзнома ба муносибати 50-солагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Маро наздаш хонду гуфт:
-Писарам, алҳол навкор ҳастӣ, рақамҳои дар тӯли 50 сол арзи вуҷуд кардаро хӯшачин мекунӣ ва онҳоро дар саҳифаи ин ҷашнвора ҷо медиҳем. Воқеаҳои фараҳбахшро ҷамъ намо, то рӯзнома рангин барояд.
Ҳамин тавр ҳам шуд.
Қирғизбек дар тӯли як ҳафта тамоми маводро ҷамъ карда, ба муҳокимаи ҳайати таҳририя пешниҳод кард. Тарҳи рӯзномаи махсусро низ худаш омода сохта буд, ки ҳайати таҳририя ба он баҳои баланд дод.
Вақте ки рӯзномаро дар шаҳри Душанбе чоп карда овард, ҳама дар ҳайрат монданд. Рӯзномаи махсуси ҷашнӣ беҳтарин туҳфаи журналистон ба ин ҷашн шуд.
Қирғизбек зодаи деҳаи баландманзари Рожи ноҳияи Шуғнон мебошад. Дар оилаи омӯзгори беҳтарини ҳамин деҳа — амаки Чоршанбе тарбия ёфта, ба камол расидааст. Пас аз гирифтани маълумоти олии омӯзгорӣ чанд муддат омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷики мактабҳои ноҳияи Шуғнон ва баъдан корманди Институти такмили ихтисоси муаллимони ВМКБ буд.
-Вақте ки барои пурра кардани сафи эҷодкорони рӯзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» беҳтарин шахсонро аз ҳар ҷо ҷамъ мекарданд, Қирғизбек Чоршанбеев яке аз онҳо ҳисоб меёфт. Дар он вақт аллакай «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» буд. Аз ин хотир, дар рӯзнома кор кардан барояш хеле осон гашт.
Ман дар интихоби се корманд -Шобаҳор Шоҳхуморов, Амирбек Исломов ва Қирғизбек Чоршанбеев хато накардам. Онҳо беҳтарин журналистони на танҳо вилоят, балки ҷумҳурӣ шуданд, -мегуфт собиқ самуҳаррири рӯзнома, Корманди шоистаи Тоҷикистон Нусратулло Дорғабеков.
Тахайюли бадеии Қирғизбек ниҳоят рангин буд. Бесабаб набуд, ки соли 1975 дар озмуни ҷумҳуриявии «Сад сатр аз боби одаму одамгарӣ» бо очерки «Усто Шаҳмир» иштирок намуда, яке аз ғолибони озмун гардид.
Ҳама ӯро дӯст медоштанду маслиҳат мепурсиданд. Мураббии мо- навкорон буд. Ӯ мефаҳмонд, маслиҳат ва супориш медод. Лафзаш ширину лабонаш ҳамеша пуртабассум буданд, дар ҳар вазифае, ки кор мекард, ба маънои томаш журналист, марди хоксор ва ҳампешаи мо- эҷодкорон буд.
Ҳамеша мегуфт, ки журналист пулу мол ва боигарӣ надорад. Пулу мол ва давлати журналист қалами ӯст. Қирғизбек ҳақ аст. Касби журналистӣ пас аз заҳмати нақбканон (шахтёрон) яке аз сангинтарин касбҳо ба шумор меравад ва имрӯз боз ҳам мушкилтар гардидааст.
Ӯ солҳои тӯлонӣ вазифаи ходими адабӣ, мудири шуъба ва то ба нафақа баромаданаш вазифаи котиби масъули рӯзномаи «Бадахшон»-ро сарбаландона иҷро кард. Сарварии Иттиҳодияи журналистони Бадахшонро низ бар дӯш доштааст.
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, вақте ки дар рӯзномаи «Бадахшони советӣ» сафи ҷавонон зиёд гардид, бо супориши сармуҳаррир курси ҳармоҳаи мухбирони коргару деҳқон ташкил ёфт. Дар ин курс, дар баробари мо барин ҷавонони навкор, мухбирони коргару деҳқон аз шаҳру навоҳии вилоят таҳсил мекарданд. Ба онҳо аз хусуси жанрҳои газета, одоби журналистӣ, тарзи ҷобаҷокунии фикр ва дарёфти далелу рақам дарс мегуфтанд.
Азбаски устод Қирғизбек Чоршанбеев истеъдоди фавқулода ва маҳорати касбии баланд дошт, ӯро сарвари курс таъин карданд. Маҳз бо тавсияи ӯ беҳтарин журналистон Н.Дорғабеков, А.Исломов, М.Ҳилолов, Ш.Шоҳхуморов, Н.Ҷонбобоев, Б.Қамбаров ва М.Шерзодшоев барои мухбирони коргару деҳқон ва навқаламон саводи журналистӣ меомӯхтанд. Солҳои 70- 80- уми асри гузашта рӯзномаи «Бадахшони советӣ» яке аз беҳтарин рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ҳисобида мешуд, зеро чӣ аз ҷиҳати забон, чӣ аз ҷиҳати услуб, ҷобаҷогузории мавод рӯзномаи мо ҳамеша намуна буд. Рӯзнома ҳатто дар ҳамкорӣ бо мухбирони коргару деҳқон дар мақоми аввал меистод. Дар саҳифаҳои он тамоми жанрҳои журналистика ҷой дошт. Ҳамаи ин аз заҳмати бурдборонаи устод Қирғизбек вобастагӣ дошт. Ягон бор надида будем, ки ӯ ҳикоя, очерк, лавҳа ё хабари носанҷидаро дар саҳифа роҳ дода бошад. Агар лозим мешуд, даҳ бор мегардонд, то пухта расиданаш муаллиф онро аз нав кор мекард.
Борҳо таъкид мекард, ки эҷодкор бояд пайваста дониши хешро сайқал диҳад, он гоҳ олами пурасрори касбашро кашф менамояд. Ӯ дар баробари касби басо мушкили журналистӣ ба мо дарси одамиятро меомӯхт. Маҳз заҳмати чунин фардони оқилу доно буд, ки аз домани рӯзномаи «Бадахшони советӣ» даҳҳо журналистони соҳибистеъдод сабзида, камол ёфтанд ва дар ҷумҳурӣ ҳам мақоми хосаи худро пайдо кардаанд.
Ман аз он мефахрам, ки лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти эҷодиам дар паҳлуи ин марди хирад гузашт.
Қирғизбек Чоршанбеев тарбиятгари ёздаҳ фарзанд буд ва ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Аз байнашон Пайрав Чоршанбеев пайроҳаи падарро ихтиёр кард ва арвоҳи покашро шод намуд. Он ситорае, ки як вақтҳо нурафшонӣ карду ба ғуруб рафт, боз дар симои фарзандаш аз нав равшан гашт. Пайрав имрӯз яке аз журналистони шинохта ба ҳисоб меравад.
Рӯзҳо ва солҳои зиёде паси сар мешаванд, вале суҳбату насиҳатҳои чунин шахсони бомаърифату дилсӯз ва нексиришт, ки дар зиндагӣ баҳри дигарон намуна буданд, ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад. Номи онҳо дар саҳифаи таърихи журналистикаи тоҷик мемонад, некиҳояшон аз забон ба забон, аз насл ба насл мегузарад. Фаромӯшнашавандаанд рӯзҳо ва солҳое, ки бо ҳам кор мекардем.
Қирғизбек Чоршанбеев барои хизматҳояш дар матбуот бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин мукофотҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон қадр гардидааст.
Маҳсули эҷодиёташ китоби «Афсонаҳои рӯз» аст, ки ба хонандагони сершумор ва ҳамқаламонаш ҳамчун ёднома мондааст. Дар ин китоб мақолаҳои солҳои гуногун навиштаи муаллиф, очерку лавҳа, ҳаҷвияю ҳикояҳояш гирд оварда шудаанд. Қаҳрамонони онҳо одамони одии деҳот, омӯзгорону аҳли фарҳангу ҳунар ва амсоли онҳо мебошанд, ки баҳри беҳбудии рӯзгори ҷомеа хоксорона меҳнат намудаанд. Аз ин рӯ, дар рӯзгори онҳо нафаси гарми зиндагӣ дар марҳилаҳои гуногуни фаъолияташон ба хубӣ эҳсос мегардад.
Оре, номи неки чунин мардони соҳибназар ҳамеша вирди забонҳо ва худи онҳо дар дилҳои мардуми нексиришт зинда хоҳад монд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМ, Корманди шоистаи Тоҷикистон