Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди соҳаи қутоспарварӣ то соли 2015 барномаи соҳавӣ қабул намудааст. Амалисозии ин барнома дар қаламрави ВМКБ дар кадом сатҳ қарор дорад? Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев дар робита ба ин масъала ба пурсишҳои хабарнигори махсуси рӯзнома посух дод.
- Оид ба тараққӣ додани соҳаи зотпарварӣ дар вилоят кадом тадбирҳо андешида шудаанд?
- Барои батадриҷ рушд додани соҳаи зотпарварӣ дар ноҳияи Мурғоб хоҷагии фермерӣ-зотпарварии «Булункӯл» фаъолият мекунад. Соли гузашта хоҷагии фермерии «Ақсу» -и ин ноҳия низ ба шабакаи зотпарварии ҷумҳурӣ ворид гардид.
Баҳри тақвият додани корҳои селексионӣ – зотпарварӣ дар самти қутоспарварӣ аз тарафи филиали Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзуи «Коркарди системаи илмию истеҳсолии рушди қутоспарварӣ дар водии Аличур» идома дорад.
Стансияи таҷрибавии кишоварзии «Помир» тайи солҳои охир оид ба афзунгардонии ҷавонаҳои зоти помирӣ ва муғулӣ корҳои тадқиқотӣ бурда, айни ҳол дар фермаи таҷрибавии стансия 70 сар қутоси хушзот парвариш меёбад.
Бо мақсади паҳн намудани қутосҳо дар ноҳияҳои вилоят тибқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2008-2015, соли 2011 аз хоҷагиҳои шахсию фермерии ноҳияи Мурғоб 1190 сар ҷавонаҳои хушзот харидорӣ шуда, қисми зиёди онҳо ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Стансияи таҷрибавӣ-кишоварзии «Помир», хоҷагии зотпарварии «Булункӯл», ҳамчунин хоҷагиҳои ноҳияҳои Айнӣ, Ҷиргатол, Тавилдара, Варзоб, Балҷувон, Шуғнону Роштқалъа, Рӯшон, кооперативи истеҳсолии «Сарват»-и шаҳри Хоруғ, Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Зоркӯл» интиқол дода шуданд.
Хоҷагии фермерии зотпарварии «Булункӯл» дар таъмин намудани хоҷагиҳои қутоспарварӣ бо ҷавонаҳои хушзот ҳиссаи шоиста мегузорад. Соли гузашта чорводорони хоҷагӣ 200 сар ҷавонаҳоро ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Варзоб ва Роштқалъа фурӯхтанд.
Соҳаи қутоспарварӣ дар вилоят сол то сол рушд ёфта, дар ин давра аз ҳисоби ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори қутос ба 20605 сар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 728 сар зиёд аст. Соли гузашта қутоспарварон 5919 сар насл гирифтанд, ки дар муқоиса бо соли 2011-ум 103 сар бештар аст.
-Таъмини қутоспарварон бо маводи зарурии доруворӣ ва қарзҳои бонкӣ чӣ хел аст?
-Идораҳои байтории вилоят хоҷагиҳои қутоспарвариро бо намудҳои гуногуни ваксина ва доруҳои зарурӣ таъмин намуда, порсол барои хоҷагиҳои ноҳияи Мурғоб ҳашт ҳазор воя ваксинаи зидди касалии сумдарди вабоӣ дастрас намуданд. Баҳри рушди соҳа ба қутоспарварон 300 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ пешниҳод шудааст.
Чорвопарварони чарогоҳҳои «Оқташ», «Булункӯл», «Ҷавшангоз», «Харгӯшӣ» барои пешрафти соҳа, таъмини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо қутосҳои хушзот ва амалӣ гардонидани Қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»