Солҳои зиёд маҷрои дарёи Бартанг ба хонаводаҳо ва заминҳои кишти мавзеи Ахван ва Спишӯш таҳдид мекард. Тобистони соли 2005 сатҳи оби дарё баланд шуда, ба соҳил баромад. Дар натиҷа, 50 хоҷагӣ ва заминҳои хоҷагии деҳқонии «Рӯшон» зарар диданд. Баъди ин воқеа бо кумаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ва ташкилоти байналмилалии «Фокус» соҳилҳои дарё мустаҳкам карда шуда буд. Аз ин ҷост, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Муассисаи қитъаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯшон ба масъалаи соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Бартанг ва Панҷ диққати ҷиддӣ медиҳанд.
- Соли равон, — мегӯяд сардори Муассисаи қитъаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯшон Хӯҷаазиз Мируллоев, — аз ҷониби ситоди ҳолатҳои фавқулода, муҳандисони ташкилоти байналмилалии «Фокус» ва муассисаи мо садди дарёи Бартанг дар мавзеи Спишӯш ва Ахвани маркази ноҳияи Рӯшон ҳамаҷониба санҷида ва баҳогузорӣ карда шуд. Мутасаддиён ба хулоса омаданд, ки дар масофаи 250 метр саддро бо сангҳои калонҳаҷм мустаҳкам намудан зарур аст.
Моҳи октябри соли 2014 корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ оғоз ёфтанд. Ташкилоти байналмилалии «Фокус» барои иҷрои корҳо 133680 сомонӣ ҷудо намуд ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шериддин» корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба уҳда гирифт. Айни замон бештари корҳо анҷом ёфтааст.
-То ташкилёбии ҷамъияти мазкур, — мегӯяд роҳбари Муассисаи қитъаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Х.Мируллоев,- мо дар масъалаи техника танқисӣ мекашидем. Хушбахтона, имрӯз ин масъала тавассути ҶДММ «Шериддин» роҳи ҳалли худро ёфт. Сардори ҷамъияти мазкур Китобхон Миргулов тавонист бо дастрасии қарзи бонкӣ техникаи лозимаро ба ноҳия ворид созад.
Ҳозир мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки тамоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани заҳбуру ҷӯйборҳо, таъмири роҳҳо ва дигар корҳои хоҷагиро сари вақт анҷом медиҳем.
Сардори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шериддин» Китобхон Миргулов, дар суҳбат чунин иброз намуд:
- Баъди кашондани тахтасангҳо бо техника онҳоро дар соҳил тариқи девор мустаҳкам мекунем, то дар аснои баландшавии оби дарё хатари шусташавии соҳилҳо бартараф гардида, заминҳои хоҷагӣ ва манзили зисти шаҳрвандон аз офати табиӣ эмин бошанд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»