Бахшида ба Рӯзи маъюбон бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ чорабинии идона доир гардид, ки дар он зиёда аз 80 нафар шахсони имконияташон маҳдуд иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев маҳсули дастранҷи маъюбон -муҳраву ҷорӯб, тоқию гулдӯзӣ ва расму нигораҳои пурмазмуни онҳоро аз назар гузаронид. Сипас, дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.
Сардори марказ Сураҷ Чоршанбиев зимни оғози чорабинӣ зикр кард, ки маркази мазкур имкон дорад, ки афроди имконияташон маҳдудро ба барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ҷалб намояд.
Дар фарҷом як қатор намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо ифтихорномаҳо қадр гардиданд ва кӯдакони маъюб соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»