ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар доираи фестивал- озмуни ҷумҳуриявии театрҳои мардумӣ ва маҳфилҳои театрӣ бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери унвони «Театр зидди нашъамандӣ» нахустин чорабинии фарҳангӣ дар ноҳияи Шуғнон баргузор шуд. Ҳунармандони ноҳия намоишномаи «Шағолони шергир»-ро аз рӯйи асари Ҷумъа Қуддус пешкаши тамошобинон гардониданд, ки муҳтавои асосии он аз авҷ гирифтани амали номатлуби нашъаҷаллобӣ миёни ҷомеа ва оқибатҳои нангину фалокатбори он иборат мебошад.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон