«Театр зидди нашъамандӣ»

№71 (3056) 13.06.2013

ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар доираи фестивал- озмуни ҷумҳуриявии театрҳои мардумӣ ва маҳфилҳои театрӣ бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери унвони «Театр зидди нашъамандӣ» нахустин чорабинии фарҳангӣ дар ноҳияи Шуғнон  баргузор  шуд. Ҳунармандони ноҳия намоишномаи «Шағолони шергир»-ро аз рӯйи асари Ҷумъа Қуддус пешкаши тамошобинон гардониданд, ки муҳтавои асосии он аз авҷ гирифтани амали номатлуби нашъаҷаллобӣ миёни ҷомеа ва оқибатҳои нангину фалокатбори он иборат мебошад.