Дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи ҷуду сахо, кӯмаку дастгириҳо, поктинативу некӣ мебошад, туҳфаи Сарвари давлат — хонаи сеҳуҷрадор ба сокинони ятими шаҳри Хоруғ Зайнура, Интизор ва Соҳиба Азимхоновҳо тақдим гардид. Азбаски Зайнура Азимхонова ва додару хоҳарчааш дар овони тифлӣ аз падару модар ятим монда, ба меҳнати вазнин ҷалб гардида, иҷоранишини як ҳуҷраи майда буданд, туҳфаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо як ҷаҳон арзи сипос ва дили пур аз меҳру муҳаббат қабул карданд. Бояд гуфт, ки ҳар як вохӯрии Сарвари давлат бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи он шароити навро фароҳам меорад. Сафари навбатии Президенти мамлакат ба ин диёри кӯҳистон, ки соли гузашта доир шуд, ба амалӣ гардидани даҳҳо барномаҳо асос гузошт. Дар ин вохӯрӣ Сарвари давлат супориш дода буд, ки ин оилаи ниёзманд бо хонаи истиқоматӣ таъмин карда шавад. Ин супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кормандони дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Хонаи мазкур, ки бо таҷҳизоти зарурии рӯзгор таъмин аст, бо маблағи 145 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида, ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ ҷиҳозонида шуда, бо маблағи беш аз даҳ ҳазор сомонӣ таъмир гардид. Ҳамзамон бо супориши Сарвари давлат Зайнура Азимхонова бо ҷойи кор таъмин карда шуд. Ӯ акнун ҳуҷҷатгузори шуъбаи кадрҳои қисми низомии шаҳри Хоруғ аст. Зайнура ва Интизор Азимхоноваҳо иброз намуданд, ки ҷавобан ба ғамхории падаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саъю талош менамоянд, ки ҳастии хешро бо меҳнати аҳлона барои ободии диёр мебахшанд. Ҳамчунин Интизор Азимхонов, ки имсол мактаби миёнаро хатм намуд, талош дорад, ки соҳиби маълумоти олии ҳарбӣ гардида, дар ҳифзи марзу буми кишвар бошад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»