Бо азму талош ва тадбирҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27- ум июни соли 1997 дар шаҳри Москва ҳуҷҷати таърихӣ –Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки он асоси иттиҳоду ваҳдати миллии халқи Тоҷикистон ба шумор меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неруи зеҳнӣ ва таҷрибаи хешро барои истиқрори сулҳ, дӯстиву ҳамкорӣ ва рушду камоли Ватани муқаддаси мо сарф намуда истодааст. Доир ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам.
-Аз нигоҳи шумо Ваҳдати миллӣ ба ҳаёти мардуми тоҷик чӣ таъсир гузошт?
-Таърих шаҳодатдиҳандаи барҳақ аст. Агар ба далелу арқоми таърихӣ такя намоем, рисолати азалие, ки мардуми тоҷик то кунун муқаддас пиндошту ба мафҳуми бузургаш арҷгузорӣ намуд, Ваҳдат ва сулҳу суботи кишвар аст. Дар давлатдории навини тоҷикон Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Истиқлолият ба шумор рафта, ҳабдаҳ соли сипаригардида барои миллати созанда ва ваҳдатофари тоҷик лаҳзаҳои тақдирсозу дастоварди назаррас ва нотакрори таърих буд. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик хуб дарк менамояд, ки ваҳдат асоси ҳастии ҳаёти ӯ буда, бидуни мавҷудияти он ҳеҷ як халқу миллат наметавонад истиқлолияти худро таҳким бахшад. Ваҳдати миллӣ василаи бақо ва пойдории Ватани азизи мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон гардид, ки ба шарофати он ободиву созандагӣ беш аз пеш вусъат ёфт.
-Аз тарафи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли равон барои тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдату худшиносӣ чӣ чорабиниҳо гузаронида шудааст?
-Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкилоти бонуфузе мебошад, ки дар он чеҳраҳои саршиноси миллат, олимону шоирон, сиёсатмадорони варзида ва дигар шахсиятҳое, ки барои халқу миллати худ амалҳои шоистаи таҳсин анҷом бахшидаанд, бо ҳам омадаанд. Аъзои ҳаракати фавқуззикр фаъолияти худро баҳри таҳкими муттаҳидии миллат, мустаҳкамии ваҳдат ва дӯстии халқҳо равона намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар ниҳоди насли наврас, мустаҳкам гардонидани Истиқлолияти давлатӣ, аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва дар маҷмӯъ дар демократикунонии ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои куҳансолон дар нимсолаи аввал чорабиниҳои зиёде гузарониданд. Силсилавохӯриҳо дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, вазоратҳои мудофиа, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра доир гашта, ба мавзӯъҳои таҳкими Истиқлолияти кишвар, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо бахшида шуданд.
Ҳамзамон вохӯрию мулоқотҳо бо занони фаъоли ҷумҳурӣ, ташкили базми шеъру суруд бахшида ба Рӯзи Ваҳдат, гузаронидани суҳбат дар бораи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳо, аз силсилаи корҳои ба сомонрасонидаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошанд.
-Барои таҳкиму устувории Ваҳдати миллӣ боз дар кадом самт фаъолият бурда истодаед?
-Дар давоми нимсолаи аввал нашрияи «Ваҳдат» ба пешвози ҷашнҳои 17-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 22- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сулҳу субот, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси ҳаёти хушу осудаи мардум силсилаи хабару мақолаҳо ва очерку маводи публисистиро ба табъ расонд.
Баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки воқеан ба рӯзи муқаддас табдил ёфтааст, аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар гувоҳӣ медиҳад. Аз ин хотир, Комиҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон соли ҷорӣ дар мавзӯи «Неруи миллат дар Ваҳдат аст» гузаронидани иншои озодро дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта, 20 иншо таҳти рубрикаи «Эҷоди ҷавонон» дар рӯзномаи «Ваҳдат» нашр гардиданд. Ба ифтихори 20- солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои куҳансолон бо афсарон ва аскарони якчанд қисми ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он оид ба ватандӯстиву ватанпарастӣ андешаҳо баён гардиданд. Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамкории худро бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар аҳзоби сиёсии тибқи қонунгузориҳои ҷумҳурӣ амалкунанда ривоҷ дода, бо онҳо ҳамкориҳои барои тарафайн судмандро роҳандозӣ намудааст.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»