ВАНҶ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, « Садои мардум») Бо чунин ном китоби нави муовини раиси ноҳияи Ванҷ Хушқадам Холиқов аз чоп баромад. Муаллиф дар он аз ҳаёти гузашта ва имрӯзаи маорифчиёни ноҳия ба хонандагон маълумоти кофӣ ва арзишмандро пешкаш намудааст. Дар ин асар на танҳо аз ҳаёти омӯзгорони маҳаллӣ, балки намояндагони миллатҳои дигар, ки аз ҷумҳуриҳои Украина, Беларус, Молдова ва Федератсияи Россия ба Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ омада, дар таълиму тарбияи фарзандони ин диёр саҳмгузорӣ кардаанд, бо некӣ ёдоварӣ мешавад. Хушқадам Холиқов китоби дигареро бо номи «Сарнавишти падар» низ таълиф намудааст. Дар ин китоб муаллиф аз фаъолияти қиблагоҳаш Холиқ Давлаталиев ва дигар родмардони номдори ноҳияи Ванҷ, ҳодисоту воқеоти дигари солҳои чилуму панҷоҳум ва шастуми қарни гузашта дар кӯҳистон бавуқуъпайваста ҳикоят мекунад.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон