Дар доираи таҷлили сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди саноат» дар ноҳияи Ванҷ ҳудуди 90 иншооти нав сохта шудааст.
Феълан танҳо дар деҳоти Язғуломи ноҳия сохтмони чор муассисаи томактабӣ ҷараён дошта, сокинон дар бунёди онҳо саҳми бевосита гузошта истодаанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ соли равон дар ноҳия зиёда аз 35 иншооти нав мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки аз ин теъдод 12-то иншооти саноатӣ мебошад.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»