Субҳи 26 майи соли равонро сокинони шаҳри Хоруғ дар вазъи ором истиқбол гирифтанд. Имрӯз тамоми муассисаҳои шаҳриву вилоятӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ ба кор шурӯъ намуданд. Аз дафтари матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, ки бегоҳии рӯзи 25 май гирдиҳамомадагон майдони марказии шаҳри Хоруғро тарк карданд.
Гирдиҳамоӣ рӯзи 22 май баъди амалиёти кормандони милитсия, ки рӯзи 21 май дар маркази шаҳри Хоруғ гузаронида шуда, боиси ҳалокати 3 нафар ва захм бардоштани чанд нафари дигар гардид, ба вуқӯъ пайваст. Субҳи рӯзи 22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилоят Шодихони Ҷамшед суҳбати телефонӣ намуда, доир ба вазъи шаҳри Хоруғ ҳисобот гирифт ва ба раиси вилоят дастур дод, ки вазъро дар шаҳр зери назорати қатъӣ гирифта, баҳри ба эътидол овардани он чораҳои муассир андешад.
Худи ҳамон рӯз Президенти мамлакат комиссияи ҳукуматиро таҳти сарварии Шералӣ Хайруллоев — Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ барои таҳқиқи вазъи баамаломада ба ВМКБ фиристонд. Таи чанд рӯз роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ бо эътирозгарон мулоқот карда, онҳоро даъват намуданд, ки аз гирдиҳамоии ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин Шодихони Ҷамшед бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, собиқадорони меҳнат, зиёиён, занону ҷавонони фаъоли шаҳр, намояндагони дин, халифаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва дигарон суҳбату вохӯриҳо анҷом дод. Гирдиҳамомадагон дар навбати худ ба мақомот ва комиссияи ҳукуматӣ талаботи худро пешниҳод намуданд, ки онҳо аз тарафи комиссияи ҳукуматӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Бисту панҷуми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи гуфтушуниди тӯлонии комиссияи ҳукуматӣ, роҳбарияти вилояту шаҳр ва намояндагони эътирозгарон ба мувофиқа омаданд, ки гирдиҳамоӣ қатъ карда шуда, ба мақомоти дахлдор барои гузаронидани корҳои тафтишотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ҳар ду ҷониб хостори он ҳастанд, ки ҳодиса дар доираи қонунҳои амалкунанда таҳқиқ ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»