ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев вохӯрии донишҷӯён бо собиқадорони варзиш, устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Пайшанбе Вазирбеков ва Гулподшо Хайлобеков баргузор гардид.
Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Руслан Шодиков зикр кард, ки ҳадаф аз ташкили ин гуна вохӯриҳо дар мадди аввал дар ниҳоди ҷавонон бедор ва мустаҳкам намудани ҳисси ватандорию ватанпарастӣ, пос доштани хотираи неки абармардони миллати тоҷик, сафарбар намудани қувваю ғайрати ҷавонон баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон мебошад.
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Пайшанбе Вазирбеков изҳор дошт, ки имрӯз бояд ҷавонон ҳар чӣ бештар ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷалб карда шаванд, ки ин воситаи муҳими тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, пешгирӣ аз аъмоли зишт, аз қабили нашъамандию нашъаҷаллобӣ мебошад.