Ярмаркаи фурӯши ниҳол ва маҳсулоти кишоварзӣ

№47 (3032) 16.04.2013

Дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, инчунин тухмии гулу сабзавот баргузор гардид.

Асосан дар ярмарка ниҳолҳои себ, гелос, зардолу, олуболу, тут, чормағз, амруд, нок, ангур, буттаҳои ороишӣ, заранг, савсан, сунбул, арча, навъи гулҳои гуногун, аз қабили садбарг, георгин, қашқарӣ, кайҳон, патунӣ, тухмии лаблабу, кашниз, каду, райҳон, турб, пиёз, лӯнг, мурчи булғорӣ, помидор, зардолу, бодиринг, тарбуз, харбуза, турбча, карам, юнучқа ба фурӯш гузошта шуд. Ҳамчунин кишоварзони навоҳии вилоят дар ин ҷо сабзавоту меваҷотро бо нархи арзон ба фурӯш бароварданд.

 

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,

«Садои мардум»