Банда бо Исомиддин Соатов соли 1990 хонадор шудам. Мавсуф доим пайи ободкорӣ талош менамуд ва ҳатто гоҳе ки аз кор бармегашт, дар фикри саҳмгузорӣ барои шукуфоӣ ва ободии Ватан буд. Шодравон одате доштанд, ки парандаҳои хушхонро парвариш карда, ҳар субҳ ва ҳар шом аз садои дилнишини онҳо ҳаловат бурда, мегуфтанд: «Аҷоиб садое, ки хастагии якмоҳаро дар як дақиқа мебарорад».
Ҳамсарам ба кишварҳои зиёди дунё сафар карда, дар донишгоҳҳои иёлоти Айова ва Пенсилванияи ИМА, марказҳои илмии шаҳрҳои Ройтленген ва Тюбенгени Ҷумҳурии Федеративии Германия, донишгоҳи Мумбайи Ҳиндустон ва марказҳои илмии шаҳри Теҳрон илми дандонпизишкии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Номбурда иштирокчии фаъоли симпозиум ва конфронсҳои илмии байналмилалӣ дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Украина, Қазоқистон, Туркманистон, Гурҷистон ва дигар кишварҳои олам буд. Давоми умри на чандон тӯлонӣ, вале бобаракаташ дар баробари табобати ниёзмандон 170 мақолаи илмӣ, се монография, ду китоби дарсӣ, чор дастури таълимӣ, ду луғати даҳонпизишкӣ таълиф намуда, ба дарёфти чор шаҳодатномаи муаллифӣ, ҳафт ихтироъ мушарраф гардид.
Соли 1997 аз ҷониби Маркази миллии патенту ахбори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи барандаи озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои ихтирооти аслӣ дар соҳаи табобати дандон сарфароз гардида, дар озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2000-2001» ҷойи аввалро ишғол намуда буд. Соли 2003 ба гирифтани медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ шарафёб гардид. Ин табиби масеҳонафас соли 2004 барои силсилаи корҳои илмияш оид ба истифодаи созаҳои фағфурӣ ва филизиву фағфурӣ барои табобати муҷтамеи ҷоғу дандони калонсолон ба дарёфти Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Е.Н.Павловский дар соҳаҳои биология, тиб ва кишоварзӣ ноил гардид.
Асарҳои таълифнамудааш «Тибби дандон ва равияҳои табобати он» (Душанбе, соли 1996), «Дандонҳои филизӣ ва филизиву фағфурӣ» (Душанбе, соли 1996), «Дурри гаронбаҳо» (Душанбе, соли 1998, бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ), «Дандонпизишкӣ дар аҳди Сомониён» (Душанбе, соли 1999, бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ), «Луғати дандонпизишкӣ» (соли 1996), «Луғати мухтасари даҳонпизишкӣ» (соли 1997) сармашқи кори донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи тиббии ҷумҳурӣ мебошанд. Соли 1997 китоби «Тибби дандон ва равияҳои табобати он» дар озмуни китобҳои дарсии тиббии собиқ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал дониста шуд.
Соли 1997 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои ҳимояи мавзӯи худ рафта, баъди баргаштанашон як рӯз дар ҳавлӣ нишаста, рӯзномаи «Ворисони Сино»-ро хонда истода буд, ки ногаҳон зангӯлаи дар садо баровард. Дарро кушодам, хаткашон мактуберо ба дастам дод. Мактубро гирифтаму хондам, ки аз Москва омада, дар он хабар дода шудааст, ки Исомиддин Соатов профессори илмҳои тиб шуд. Мактубро ба дастам гирифтаму бо табассум гуфтам: «Ман Шуморо барои профессор шуданатон табрик мекунам». Он кас аз хурсандӣ мактубро хонда, рақс мекарданд ва гуфтанд, ки «Ана, ин аст, лаҳзаҳои ширини ҳаёт».
Китобхонӣ ҳунар аст. Бе китоб дониш нест ва бе дониш дар ҳаёти мо заррае пешравӣ нахоҳад шуд. Китоб дӯсту рафиқ ва ҳамдами мост. На ҳар кас ба номи олим сазовор аст. Равоншод ҳамсарам, ҳар гоҳ ки ба хориҷа мерафтанд, фақат китоб меоварданд ва як ҳуҷраашро ба китобхона табдил доданд. Ҳамаи шогирдонаш омада, аз ин китобхона истифода мебаранд.
Ин лаҳзаҳо боз гуфтаҳояшон ба ёдам меоянд: «Бо сӯзан ҳам пироҳани гулдӯзии арӯсӣ медӯзанду ҳам кафан. Дар умри одамӣ ду маҷро ҷорист. Ин маҷроҳои некиву бадист. Гоҳҳо бо ҳам якҷоя ҷараён мегиранд. Гоҳе яке дигареро мағлуб месозаду дар маснадаш асир мегардонад. Ҳамаи ин ба он алоқамандӣ, пайвастагии ногусастание дорад, ки нуқтаи назари шахс ба муҳит, ба одамон чӣ гуна аст».
Лӯъбат Қобилова