Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи қутоспарварӣ дар минтақаҳои кӯҳистон Барномаи махсус таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки пойгоҳи асосии қутоспарварӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, дар ин самт тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шудааст.
Мувофиқи иттилои шуъбаи чорводории Раёсати кишоварзии вилоят, дар алоқамандӣ бо мавзуи «Коркарди илмию истеҳсолии рушди қутоспарварӣ» дар водии Аличури ноҳияи Мурғоб тадқиқотҳои муҳим гузаронида шуданд. Тадқиқот дар доираи муқоисаи зоти экотипии помирӣ бо зоти муғулӣ, ки соли гузашта аз хоҷагии зотпарварии Булункӯл, ки ба шабакаи таҷрибавӣ ҳамроҳ карда шуданд, гузаронида шуд. Тибқи нақша, панҷ сар насли зоти дурага ва панҷ сар насли зоти экотипии помирӣ барои таҷриба ҷудо карда, аз онҳо насли хушзоти қутос ба вуҷуд оварда шуд. Дар давраи зоиш ва синни шашмоҳагӣ вазни ин чорво баркашида, қадубасти он дар синни яксолагӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар давоми соли 2013 афзоишу инкишофёбии даҳ сар ҷавонаҳои қутоси соли 2013 таваллудёфта мавриди тадқиқ қарор дода шуданд.
То ба имрӯз дар подаи таҷрибавии Стансияи зотпарварӣ 80 сар қутос парвариш меёбад. Дар ин муддат 10 сар насл гирифта, усули макондану парвариши чорво дар асоси таҷрибаи олими рус А. С. Паденко ба роҳ монда шудааст.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»