Водии имкониятҳо ва ё муъҷизаҳои табиати Ҳафткӯл

№131 (4551) 26.10.2022

Lakes_of_Tajikistan_4Шаҳри Панҷакент бо мавзеъҳои дилфиребу хушманзараи сайёҳӣ маъруф аст. Саразми бостон, Панҷакенти қадим, мадрасаи Олим-додхоҳ, зодгоҳу мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, осорхона ва дигар ёдгориҳою нигораҳои таърихӣ — мавзеъҳои тамошобоби Ҳафткӯл, табиати Артуч аз қадимӣ будани тамаддуни тоҷикон дарак медиҳад.

Яке аз мавзеъҳои зебои кишвар Ҳафткӯл мебошад, ки дар кӯҳистони «Фон»-и қаторкӯҳҳои Зарафшон дар баландии 1598 то 1701 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аз маркази шаҳри Панҷакент то Ҳафткӯл 45 километр масофа дорад. Ҳар сол садҳо меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Амрикою Аврупо, Федерат­сияи Россия, Хитой ва дигар кишварҳо аз ин мавзеи дилфиреб боздид мекунанд.

Ҳар як кӯли ин минтақаи кӯҳӣ аз ҷиҳати масоҳат, ҷойгиршавӣ, ҷило ва хусусиятҳои хоси худ аз ҳам фарқкунанда буда, номи ба мавзею макон ва ҷойгиршавӣ мувофиқ доранд.

Кӯлҳои Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма дар зебоӣ назир надоранд. Оид ба пайдоиш, рангу ҷилои ҳар кадоми кӯлҳо, хусусан кӯли якум — Мижгон ва кӯли чорум — Нофин ва дигар ҳамаи мавҷудоти табиати ин мавзеъ дар байни калонсолони деҳаҳои Шинг, Рашнаи Поён, Нофин, Падруд ривоятҳои гуногун вуҷуд доранд. Масалан, кӯли Мижгон, ки обаш софу мусаффост, вобаста ба вазъи ҳаво саҳар, нисфирӯзӣ ва бегоҳ ранги бунафш, сурху кабуд ва дигар рангҳоро мегирад. Кӯли Нофин маънои миёнаро дорад ва ба гуфти сокинони маҳал, баъзе рӯзҳо дар миёни кӯл гирдоб бо ранги сурх пайдо мешавад. Ҳамин аст, ки Нофинро кӯли пур аз муаммо, сир ва ривояту устураҳо ном мебаранд.

Дар канори ҳар кадом аз кӯлҳо деҳа мавҷуд аст, ки дар он аз 100 то 200 оила зиндагӣ менамоянд. Шуғли асосии сокинон чорводорӣ ва кишоварзӣ мебошад. Деҳаи Рашнаи поён наздик ба кӯли Миж­гон, деҳаи Гулдара дар миёни кӯлҳои Соя ва Ҳушёр, деҳаи Нофин дар канори кӯли 4-ум Нофин, деҳаи Падруд дар канори кӯли Хурдак, дар канори кӯлҳои Марғузор ва дар канори Ҳазорчашма бошад, деҳаи Рашнаи боло ҷойгиранд.

20-30 сол пеш дар миёни кӯлҳои Соя ва Ҳушёр ҷои истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонон муҳайё буд. Кӯҳҳои ин мавзеъ бар замми дорои захираҳои табиӣ будан боз дар минтақаҳои хокиаш садҳо намуд гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки хусусияти табобатиашон дар тиби гиёҳдармонӣ собит шудаанд. Оби софу аз ҷиҳати экологӣ тозаи ҳамаи кӯлҳои Ҳафткӯл дармони даҳҳо дард мебошад.

Бояд чанд омили муҳими рушд ва истифодаи имкониятҳои мавҷударо зикр намуд, ки дар сурати амалӣ гардидани онҳо на танҳо ин макон ободу шукуфон, балки садҳо ҷои кор ташкил мегардад.

Имрӯз дар минтақаи Ҳафткӯл, ба гунаи мисол ду ё се меҳмонхонаи хурд мавҷуданд. Дигар инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхона, нуқтаҳои савдо, ки аз ҳисоби хизматрасонии он даромад ба даст ояд, мавҷуд нест. Сайёҳону меҳмонон, ки ҳар сол ба ин макон барои истироҳат меоянд, бештар ҳамроҳашон ғизо меоранд.

Агар макони хуби истироҳатӣ, дорои ошхона, ҳуҷраҳои алоҳидаи истироҳатию фароғатию табобатӣ дар миёни кӯлҳои дуюму сеюм ва кӯли ҳафтум Ҳазорчашма барои қабули 50 то 100 меҳмон мавҷуд бошад, сифати хизматрасонӣ беҳтару даромад афзоиш меёбад. Ҳамзамон, аз охири кӯли Мижгон то кӯли Нофин, ки масоҳати якуним километр аст, ҷои мувофиқ барои бунёди роҳи танобӣ мебошад.

Зиёд кардани саршумори моҳиҳои мавҷудаи кӯлҳо низ аз василаҳои пешниҳоди таоми лазиз ва гирифтани даромад ба ҳисоб меравад.

Ҷалби кормандони соҳаи тиб, корхонаҳои дорусозӣ ва ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои шифобахши водӣ, омода намудани доруворию фурӯши он низ дар ин мавзеъ созгор аст.

Истифода ва коркарди конҳои мавҷудаи сурбу рӯҳи деҳаҳои Гулдара ва Рашнаи поён дар иқтисодиёти мамлакат ва таъсиси ҷойҳои корӣ нақши бориз мегузорад ва бо ин ҳисоб роҳҳои вайрону ноҳамвори кӯҳии ин мавзеъ обод мегардад.

Сол аз сол сафи меҳмонону сайёҳон ба кишвари мо зиёд мегардад, талаботи афзоянда тақозо менамояд, ки аз имконияту зарфиятҳои мавҷуда васеъ истифода намоем.

Барои рушди водии Ҳафткӯл дар баробари саҳми давлат, ҷалби сармоя, азми қавию иқдомҳои соҳибкорон бо лоиҳаҳои ҷолибу манфиатовар зарур аст.

Агар хоҳем, ки ин хотираҳо боз ҳам хушу хотирмон ва ба манфиату ободии деҳот, як гӯшаи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол бошанд, инфрасохтори мавзеи сайёҳиро мутобиқ ба замон бояд бунёд кард.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»