Бо иштироки Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ 13-уми августи соли равон дар толори Шабакаҳои барқии Суғд ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
Бино ба хабари Рустамҷон Одизода – намояндаи маркази матбуотии дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон дар ҷамъомад раиси шаҳр Матлубахон Амонзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастовардҳои таърихии Истиқлолият ва саъю талошҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими он ҷалб намуд.
Директори шабакаҳои барқии Суғд Тӯра Адҳамов, ҷонишини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Ғолиб Убайдуллозода оид ба бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ кишвар андешаҳои худро баён доштанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ шеърҳои тозаи худро, ки ба Ватан, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва ободии Тоҷикистон бахшида шудаанд, қироат кард.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»