Ба пешвози 20 - солагии СҲШ

Вохӯрии Душанбе оғози таъсиси СҲШ буд

№60 (4322) 04.05.2021

2022logoСозмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз бузургтарин созмонҳои байналмилалӣ буда, 23 фоизи масоҳати сайёра ва 43 фоизи аҳолии ҷаҳонро дар бар мегирад. Зербинои ин ташкилот 26 апрели соли 1996 гузошта шудааст.

Дар он рӯз роҳбарони кишварҳои Хитой, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Шанхай бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ «Панҷгонаи Шанхай» — ро таъсис доданд. Мувофиқи муоҳидаи давлатҳои аъзои «Панҷгонаи Шанхай» соле як маротиба бо навбат дар яке аз кишварҳои аъзо мулоқоти роҳбарони давлатҳои узви он баргузор мегардид. Ҳамин тавр, 5 июли соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми сарони давлатҳои «Панҷгонаи Шанхай» баргузор шуд. Дар он аввалин маротиба роҳбари онвақтаи давлати Ӯзбекистон Ислом Каримов ба сифати нозир ширкат варзид. Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ «Изҳороти Душанбе» ба имзо расид. Баъди мулоқот Ӯзбекистон низ хоҳиши ба созмон ҳамроҳ шуданро намуд. Бинобар ин, дар мулоқоти баъдии роҳбарони созмон 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Хитой изҳороти муштарак дар бораи пазируфтани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, эъломия дар бораи таъсис додани Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид. Дар он зикр шудааст, ки ҳадаф аз таъсиси СҲШ, пеш аз ҳама, таҳкими робитаҳои дӯстона ва анъанаҳои неки ҳамсояву эътимоди байниҳамдигарии кишварҳои аъзо, тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин такон бахшидани робитаҳо дар соҳаҳои энергетикиву нақлиёт, маорифу муҳити зист ва дигар бахшҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли СҲШ солҳои 2008 ва 2014 дар Шӯрои сарони давлатҳо ва солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ раёсатро ба уҳда дошт. Боиси ифтихор аст, ки ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои аъзои СҲШ соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Соли 2017 дар шаҳри Остона Ҳиндустон ва Покистон низ ба узвияти СҲШ пазируфта шуданд. Айни замон ба ғайр аз 8 давлати аъзо, инчунин чор давлат (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) ҳамчун нозир ва шаш давлат (Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка) шарикони мусоҳибавии СҲШ ба шумор мераванд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки нуфузи ташкилот дар миқёси ҷаҳонӣ торафт баланд мегардад. Дар арафаи ҷашни 5-солагии СҲШ ба котиби СҲШ Чжан Дэгуан савол дода буданд, ки «Оё 10-солагии созмонро ҷашн мегирифта бошанд?» Ӯ ҷавоби қатъӣ дод: «На танҳо 10-солагӣ, балки 25-солагӣ, 50-солагӣ ва ҳатто 100-солагии СҲШ низ ҷашн гирифта мешавад».

Тавре мебинем, тайи 20 сол сафи аъзо ва нозирону шарикони СҲШ хеле афзуд. Барои ҷумҳурии мо узвият дар ин созмон ба густариши бештари ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.

С. СУННАТӢ,

 «Садои мардум»