Вохӯрии прокурори генералӣ бо сокинони Суғд

№ 10.07.2024

5-уми июли соли равон мулоқоти прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва фаъолони вилояти Суғд баргузор гардид. 

Прокурори генералӣ оид ба ҳолати воқеии риояи ҳуқуқу тартибот, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятсодиркунию хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрам дар вилояти Суғд фикру андешаҳояшро баён дошт.

- Дар вазъияти мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар сафи аввал қарор дошта бошанд,- гуфт Юсуф Раҳмон.

Дар ҷараёни мулоқот прокурори генералӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ба иштирокчиёни мулоқот пешниҳод намуд, ки  аз ҷониби омӯзгорону волидон донишандӯзии хонандагон зери назорати қатъӣ гирифта шавад ва тамошои ҳар гуна филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ манъ гардад.  Фаъолони ҷомеъа ва ходимони дин бошанд, барои  пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, мубориза бар зидди таълимоти ғайриқонунии динӣ корбариро пурзӯр намоянд.

Дар идома чанд нафар аз намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ вилоят баромад намуда, ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

“Садои мардум”