14-15 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Дар ҷараёни нишасти навбатии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба аудити якҷоя дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои давраи солҳои 2025-2027 баррасӣ шуда, изҳороти муштараки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда мешавад.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»