Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 июни соли равон, дар шаҳри Бохтар аввалин Форуми байниминтақавии сармоягузории соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар он муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазир-вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, палатаҳои савдову саноат, сарони минтақаҳои наздисарҳадии њар ду кишвар ва беш аз 400 соҳибкор иштирок карданд.
Дар оғози Форум имконоти корхонаҳои саноатӣ, номгӯ ва иқтидори истеҳсолии онҳо, намунаи масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук, маҳсулоти кишоварзӣ, умури кишоварзї, энергетика, хизматрасонӣ, маводи доруворӣ, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар захираҳои табиии вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки умедбахш дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт Фонди сармоягузории Тоҷикистон-Ӯзбекистон бо сармояи оинномавии 50 миллион доллари ИМА таъсис дода мешавад.
Ҳамчунин, дар Форум ба маблағи 730 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба ташкили корхонаҳои муштарак, истеҳсоли автомобилҳо, трансформаторҳо, техникаи маошӣ, бунёди боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар, маҷмааҳои гармхонаҳою корхонаҳо оид ба парваришу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот ва як қатор шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми як соли охир гардиши молу маҳсулот миёни њар ду кишвари ба ҳам дӯст ба 500 миллион доллар расида, ҷонибҳо тасмим доранд онро соли равон то ба 1 миллиард доллари ИМА расонанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»