Волоияти қонун — асоси пешрафти давлати соҳибистиқлол

№126 (4546) 10.10.2022

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ва миллатҳое, ки дар ин сарзамини биҳиштосо умр ба сар мебаранд, замони санҷишу имтиҳоноти ҷиддӣ буд. Дар он рӯзҳо Тоҷикистон бо дасисаи нотавонбинон ва хоҷагони хориҷӣ  ба гирдоби даргириҳо кашида шуда, муқовимату мухолифатҳо боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти моддиву маънавӣ ва гуреза шудани ҳазорҳо сокини кишвар гардид. Унсурҳои ҷинояткор аз вазъият сӯиистифода намуда, моликияти давлатӣ ва халқро ғорат мекарданд.

Хушбахтона, болои сари мардуми ҷафокашидаи тоҷик аз нав офтоб дурахшон гашт ва ҷанг хотима ёфта, роҳи сулҳу салоҳ пеш гирифта шуд. Ин кор аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, оғоз ёфт. Дар он иҷлосия қарорҳое қабул шуданд, ки раванди бомароми ташкили давлати конститутсиониро таъмин карданд. Хусусан, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Роҷеъ ба иҷлосия сухан ронда, Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 иброз доштанд: «Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам».

Тадриҷан давлати тозабунёд ташаккул ёфта, сохтору мақомоти давлатӣ аз нав барқарор ва ба фаъолият пардохтанд, сулҳу субот дар қаламрави кишвар таъмин гардид ва мардум  таҳти сарварии Пешвои хеш ба бунёдкорию  созандагӣ рӯ оварданд.

Аз рӯзҳои аввали барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ барои муайян кардани асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад. 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳиб­ихтиёр  Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар асоси ин қонуни асосӣ, оянда ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, баҳри волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, рушди системаи давлатдорӣ, тараққии соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, нақша ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд.

Таъсиси парламенти дупалатагии касбӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои дигари қудратӣ ва тақвияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд ба рушди давлатдорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Алҳол сохтору мақомоти давлатӣ бо низому тартиби муайян баҳри рушди устувори давлати тоҷикон фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, мақомоти судӣ баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи манфиати аҳли ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Баҳри иҷрои чунин аҳдофи муҳим борҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021) махсус таъкид намуданд: «… Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд. Дар ин раванд, мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд».

Шарафҷон НАРЗУЛЛОЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе