Восеъ. Ҷавонони бешуғл соҳибкасб мегарданд

№15 (4911) 31.01.2025

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ба номи Рустам Холалӣ»-и ноҳияи Восеъ ҷавонони бешуғл аз рӯйи ихтисосҳои тракторчӣ, мошинист барои истеҳсолоти кишоварзӣ, дӯзанда, кафшергари газию барқӣ, муҳосиб, устои барқ ва сохтори интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Саидмукаррам Гулов, директори муассиса, зимни суҳбат изҳор дошт, ки муассиса аз соли 1954 инҷониб фаъолият намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат заминаи моддии он хеле беҳтар гардид. Дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи 11 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар муассиса 351 хонанда, аз ҷумла дар касбҳои дӯзандагӣ 40 нафар, тракторчӣ ва мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ – 88, ҳисобдор – 66, устои барқ – 40, кафшергари газию барқӣ – 100 нафар ва мутахассисони бахши компютер ва интернет-технология баъди хатми синфи 11-ум 17 нафар, ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 34 омӯзгори соҳибтахассус ва 16 нафар усто таълим медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар муассиса баъди хатми синфи 9 таҳсил ду сол идома намуда, хатмкунандагон бо гирифтани аттестати хатму дипломи зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва баъди хатми синфи 11 бо як соли таҳсил бо гирифтани диплом ва ихтисос соҳибкасб мешаванд.

Ҷиҳати омода намудани касбомӯзони дар бозори меҳнат рақобатпазир ва ҷалби бештари ҷавонон ба ҳунарҳои мардумӣ дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи 11 ихтисос, аз ҷумла, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, гулдӯзӣ, кафшергари барқӣ, челонгар, тракторчӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, қуроқдӯзӣ, муҳосибӣ, ронандагӣ ва дигар касбҳо, ба роҳ монда шудааст. Соли 2024 беш аз 200 нафар ин курсҳои кӯтоҳмуддатро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ шудаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»