натиҷагириҳо аз иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии минтақаи кӯлоби вилояти Хатлон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон дар соли хониши 2014 — 2015
Бо баргузории ин ё он намуди озмуну мусобиқа ва олимпиадаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пеш аз ҳама, аз самараи ранҷу заҳмат ва сатҳи масъулиятшиносии маорифчиён ва муносибати масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар нисбати соҳаи сарнавиштсоз — маориф огаҳӣ пайдо мекунем. Аслан мақсади баргузории ҳама гуна озмуну мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, муайян кардану баҳо додани сатҳи ҳамин муносибатҳост.
Аз маълумотномаи Маркази кор бо мактаббачагони болаёқати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки аз 68 шаҳру ноҳияи кишвар, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон дар соли хониши 2014 — 2015 ширкат варзиданд, хонандагони 26 шаҳру ноҳия ба ягон ҷойи ифтихорӣ шарафёб нашудаанд. Ба ростӣ, дар миёни нокомгаштаҳо дидани номи шаҳру ноҳияи бузурги фарҳангие амсоли Панҷакенту Восеъ басо таассуфангез аст. Магар ҷойи андеша нест, ки ноҳияе чун Ховалинг, ки дар шумор нисбат ба ноҳияи ҳамшафати худ — Восеъ се баробар кам хонандаву омӯзгор дорад, ду сол пайи ҳам ба дарёфти медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ шарафёб мешаваду ноҳияи замоне овозадору бузурги ҳамсоя не?
Гумон кардем, ки ин ҳолати таассуфангез маорифчиён, бахусус масъулони ноҳияи Восеъро бетараф намегузорад ва ба ҳамин хотир дар машварати августии омӯзгорони ноҳияи мазкур, ки 24-уми август баргузор гардид, иштирок намудем. Мутаассифона, дар он машварат ба ғайр аз як ишора ва ё худ эроди сабуки раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода дар ин хусус дигар касе аз иштирокчиён сари ин мушкилоти баҳсталаб лаб накушод. Баъди ду рӯзи машварат, мо аз ҳисоботи дар рӯзномаи ноҳиявӣ батабърасидаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сироҷиддин Гурезов сатрҳои зайлро хондем: «Соли хониши 2014 — 2015 мактаббачагони ноҳия дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон сазовори 127 медал гардиданд, ки аз онҳо 36 ададаш тилло мебошад. Се нафар хонандагони синфҳои ёздаҳ ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон роҳхат гирифта, дар олимпиада иштироки фаъолона карданд».
Суоле пайдо мешавад, ки чаро аз ин миқдори зиёди хонандагони соҳибмедал, ки 36 нафарашон дорои медали тиллоянд, ҳамагӣ се нафари онҳо имкони иштирок намудан дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо карда тавонистанду халос? Дигар ин ки агар он се нафар иштироки «фаъолона» медоштанд, ҳатман яке аз онҳо соҳиби ҷойи ифтихорӣ мешуд…
Дар машварати августии омӯзгорони вилоят, ки 28 — уми август дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳокимхон Валиев ва муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев аз ноҳияҳои дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ муваффақнашудаи вилоят, бахусус ноҳияҳои Темурмалику Балҷувон ва Восеъ ёдовар шуда, изҳори таассуф намуданд.
Ба наздикӣ раиси вилояти Хатлон зимни натиҷагирӣ аз вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Темурмалик оид ба ин масъала аз мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шамсулло Сатторов пурсон шуд. Мудир дарҳол дар ҷавоби суоли раис аз 27 ҷойи ифтихории хонандагони ноҳия ёдовар гардид.
- Мақсади мо ин аст, ки толибилмон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон чанд ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд? — шарҳ дод суоли хешро раиси вилоят.
Баъди анҷоми ҷаласаи мазкур аз мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик Ш. Сатторов шарҳи ин масъалаи ташвишовар ва вазъи мавҷудаи маорифчиёни ноҳияро пурсон шудам.
- Аз лаҳзаи ба ин вазифа таъин шудан маҳз сари ислоҳи ҳамин мушкилот талош дорам. Барои рафъи он нақшаҳои зиёдеро тарҳрезӣ кардем ва боварӣ дорем, ки давоми соли равон ин камбудӣ ислоҳ мешавад, — бо дилпурӣ гуфт мавсуф.
Ба ҳамин мазмун бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Сироҷиддин Гурезов, ки ҳамагӣ 32 сол дорад, ҳамсуҳбат шуда, воқиф гардидам, ки ӯ низ пайи рафъи мушкилоти домангири маорифчиёни ноҳия аст.
Мутаассифона, норавшан аст, ки имрӯз масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, дар навбати аввал маорифчиёни он, оид ба ҳалли ин масъалаи доғ дар пайи андешидани кадом тадбиру чораҳоянд? Зеро солҳо инҷониб гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба хонандагони ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон муяссар нашудааст. Тавре мушоҳида кардем, маорифчиёни ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик умеди ислоҳи ин вазъро, пеш аз ҳама, аз силсилаи тадбиру чораҳои андешида ва талошҳои боҷуръатонаи масъулин интизоранд, пас маорифчиёни балҷувонӣ дар чӣ умеданд?
Ноил шудан ба комёбиҳо, дар навбати аввал, аз мавқеу муносибати масъулони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо вобаста аст. Чанде пеш дар толори Муассисаи давлатии «театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб» тантанаи Рӯзи муаллим баргузор гардид. Раиси шаҳр Хайрулло Амонулло баъди суханронии табрикотии хеш як гурӯҳи калони омӯзгорони донишгоҳу донишкада ва литсейҳои касбию муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрро бо ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ намуд. Баъди он ки мукофотсупорӣ ба анҷом расид, директори Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб Ҷамолиддин Шукуров, ки бо як нафар ҳамкасби худ дар паҳлуи банда менишаст, бо дарду алам гуфт: — Ҳамин ду медали тиллое, ки хонандагони шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиб гардиданд, шогирдони мактаби мо ба даст оварданд. Наход, ки устодони ин ду шогирди ғолиб арзандаи як ифтихорнома набошанд? Мавсуф бо ибрози ин суханон толорро тарк намуд.
Ҳар гоҳе оид ба олимпиадаҳои мактаббачагон бо аҳли маориф суҳбат мекунем, онҳо дарҳол аз набудани шаффофият изҳори таассуф мекунанд. Аз мақолаи таҳлилии директори Маркази кор бо мактаббачагони болаёқати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Сафаров, ки дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» рафти олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагонро дар соли хониши ҷорӣ натиҷагирӣ кардааст, сатрҳои зерро хондем: «Тавре мебинем, нишондод нисбат ба соли гузашта 59 медал кам аст. Албатта, сабабҳо дар ин маврид аз тарафи масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ҳар гуна шарҳ дода мешаванд, вале ба андешаи мо, сабабҳои асосӣ ҷиддитар гаштани талабот ва назорати дурусту таъмини шаффофият аст».
Агар минбаъд низ ҳамин гуна натиҷагириҳо бештар манзури ҷомеа гарданд, боварӣ ҳаст, ки дар атрофи баргузории олимпиадаҳо, андешаҳои манфӣ камтар мешаванд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»