Восеъ: Хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад

№104 (4524) 22.08.2022

20220810_112432Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ аз се ошёна иборат буда, дар ҳамкорӣ бо Бонки рушди Олмон таъмиру навсозӣ шуд. Тавре сардухтури беморхонаи ноҳия Сарахон Иброҳимзода иттилоъ дод, солҳои пешин шароити хизмат­расонӣ дар беморхона он қадар хуб набуд. Таҷҳизот намерасид, ҳуҷраҳои кории табибон ва беморон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуданд. Имрӯз бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон беморхона азнавсозӣ гардид.

- Баъд аз тармиму навсозии бинои беморхона ҳуҷраҳои кории табибон ва утоқҳои беморон бо мизу курсиҳои замонавӣ, рахти хоб, роҳаткурсиҳо ва дигар лавозимоту таҷҳизот таъмин шуданд, — гуфт Сарахон Иброҳимзода.

Бо мақсади рушди соҳа ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ соли 2021 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхона ду мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

- Ҳоло дар беморхона беҳтарин мутахассисони соҳаи тиб кору фаъолият мекунанд, ки беш аз 70 фоизашонро табибони ҷавон ташкил медиҳанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши табибони ҷавон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Биноан, бо раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода иқдом гирифтем, ки духтурони ҷавонро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намоем, — гуфт ҳамсуҳбатам.

 Акнун беморхона аз рӯи барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2022 фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Беморхона аз даҳ шуъба — ҷарроҳии калонсолон, шуъбаи кӯдакона, урология, таваллудхона, эҳёгарӣ, шуъбаи амрози даруна, дил, асаб, сироятӣ ва ду шуъбаи ташхисиву таҳлилӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шуданд. Табиист, ки ин ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.

Ба гуфти номбурда, дар нимсолаи аввали соли 2022 дар беморхона 3202 бемор бистарӣ буданд. Феълан беморхона ба 240 ҳазор нафар аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонад ва дар он 48 нафар табибони маълумоти олидор ва 182 корманди миёнаи тиб фаъолият мекунанд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»