Дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия сохтмону таҷдиди нуқтаҳои партовҷамъкунӣ идома доранд.
Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Фирӯз Нуралиев изҳор дошт, дар якҷоягӣ бо кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар маркази ноҳия 10 нуқта ва дар деҳоти он 10 нуқтаи дигари партовҷамъкунӣ навсозӣ гардида, атрофи онҳо пурра маҳкам гардиданд.
Айни замон дар тамоми деҳоти ноҳияи Восеъ сохтмон ва навсозии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ идома доранд. Инчунин, дар шоҳроҳҳои ноҳия ва деҳоти он барои маърифати экологии шаҳрвандонро баланд бардоштан шиору овезаҳои огоҳкунанда насб шуда, 20 адад зарфҳои оҳанин барои ҷамъоварии қуттиҳои полиэтилен ташкил гардидааст.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»