ВОСЕЪ. ОМОДАГИИ РОҲСОЗОН БА МАВСИМИ САРМО

№ 12.12.2024

Рох ИсломКормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ барои гузаронидани зимистони солҳои 2024-2025 ҳамаҷониба омодагӣ дида, 350 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 8 тонна намаки техникӣ, 2400 литр сӯзишворӣ захира ва 10 механизми роҳдориро омодаи кор намуданд.

Тавре роҳбари муассиса Қурбон Ҳукматуллоев иттилоъ дод, алҳол дар тавозуни муассиса 275,2 км роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 42 км роҳи байналмилалӣ, 67 км ҷумҳуриявӣ ва 166,2 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд.

Дар 11 моҳи соли 2024 аз ҷониби муассиса 6385 метри мураббаъ роҳҳои ноҳия таъмиру мумфарш гардида, 3,1 км таъмири роҳ бо шағал, инчунин,  2830 метри мураббаъ чуқуриҳои роҳ бо шағали сиёҳ пур карда шуда, барои бехатарии роҳу нақлиёт 60 адад аломатҳои роҳ насбу иваз карда шуданд. Дар муассиса 52 корманд фаъолият намуда, онҳо бо хӯроки гарм, либосҳои мавсимӣ ва пойафзол доимо таъмин мебошанд.

Давоми 11 моҳи соли равон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ 245 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»