Хоҷагидорони шаҳри Турсунзода кӯшиш доранд, ки фаровонии сабзавоти барвақтӣ, зироатҳои ғалладонагӣ ва бахусус, биринҷи аълосифатро дар бозорҳои пойтахти кишвар таъмин намоянд.
Сардори раёсати кишоварзии шаҳр Азимҷон Назарзода иброз намуд, ки нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии шаҳр нисбати соли гузашта 9,9% афзоиш ёфта, айни замон кишоварзон азм доранд ҳосили бо заҳмат парваридаашонро ба зудӣ ҷамъоварӣ намуда, аз пайи кишти такрорӣ шаванд.
Ба гуфтаи А. Назарзода то имрӯз аз майдони зиёда аз 5 000 гектар ҳосили ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ шуда, аҳли заҳмати хоҷагиҳои кишоварзӣ мақсад доданд, ки ҳосили фаровони майдони зиёда аз 8 000 гектарро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ анҷом диҳанд ва ҳосили фаровон ба даст оранд.
Тибқи нақша баъди ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо бояд дар майдони 8950 гектар заминҳои тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ кишти такрорӣ гузаронида шавад. Хоҷагиҳои пешқадам аллакай корҳои агротехникиро оғоз намуда, бар он боваранд, ки аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагирифтаашон сарбаландона мебароянд.
Аз маълумоти масъулини соҳа бармеояд, ки то имрӯз дар майдони зиёда аз 2300 гектар замин кишти такрории шолӣ анҷом ёфта, кишоварзон ният доранд, ки кишти шолиро ба 4900 гектар расонанд.
Ин аст, ки деҳқонони асили шаҳри Турсунзода дар мавсими ғунучини ҳосили зироатҳои асосии кишоварзӣ ва кишти такрорӣ шабро дар саҳро рӯз карда, дар таъмини талаботи бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти хушсифат саҳми арзанда мегузоранд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»