Дар шаҳри Хоруғ корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо кард.
Дар ин бора раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ иттилоъ дода, гуфт, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба вусъати ободониву созандагӣ зиёда аз 1500 бех дарахт шинонда шуд, ки аз онҳо 700 бех ороишӣ, 600 бех сояафкан ва 200 бех мевадиҳанда мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки феълан дар гармхонаи марказии Хоруғ, ки зиёда аз 240 м2 масоҳат дорад, гулҳои ҳархела, дар гармхонаҳои раёсати ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ва гармхонаи замонавии маҳаллаи Тирчид гулҳои мино, синия, салвия, гули мирӣ, гули ҷаъфар, тоҷи хурӯс, портулак, сумбул, карнайчагул ва гули хандон парвариш меёбанд.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»