Вусъати корҳои ободонӣ дар Хуҷанд

№10 (4906) 22.01.2024

КОР МИРЗО 261224Дар шаҳри Хуҷанд баҳри истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи нақша-чорабинӣ иборат аз 360 банд, бунёд ва таъмиру таримими 950 иншшоти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба назар гирифта шудааст.

- То ба имрӯз 675 иншоот сохта шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 71 фоизро ташкил медиҳад,- гуфт зимни суҳбат раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода.

Бино ба гуфти ӯ, аз иншооти ба истифода додашуда 54 адад ба соҳаи саноат, 18 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 6 иншоот ба соҳаи маориф, 13 иншоот ба соҳаи варзиш, 116 иншоот ба соҳаи савдою хизматрасонӣ рост меояд.

Ба ҷумлаи иншооти муҳими сохташаванда бинои нави суди вилояти Суғд ва қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бинои иловагии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд, бинои истиқоматии баландошёнаи иҷтимоӣ дар маҳаллаи Темурмалик, бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд шомиланд.

М. Мақсудов,

“Садои мардум”