Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказ ва деҳоти ноҳияи Ванҷ ба истиқболи Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва созандагӣ бомаром идома доранд.
Зикр бояд намуд, ки бунёди иншооти ҳозиразамони самтҳои саноатӣ ва иҷтимоӣ, пеш аз ҳама мумфаршу чароғон, гулпӯшу сабзпӯш сохтани роҳҳо ва майдонҳои шаҳраки Рохарв мебошанд. Ҳамзамон, аз миён бардоштани биноҳои куҳнаю фарсудаи солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта сохташуда аз рӯи нақшаи генералии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Ванҷ бештар аз 100 иншоот сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин, бо тавсияҳои Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ — равнақ додани ғаллакорӣ, картошкаю сабзавотпарварӣ, боғдорӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани майдонҳои бекорхобида, инчунин бунёди анборҳои махсус ва сардхонаҳо барои нигоҳдории себу нок, туту зардолу, чормағз, васеъ кардани боғҳо то домони пиряхҳои Федченкою Хирсон, деҳоти Ванҷи боло ва Язгулом ҳоло бомаром идома дорад.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»