Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёди наздик ба 600 иншоот тарҳрезӣ шуда, то имрӯз зиёда аз 400 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Бунёди Маркази фарҳангию фароғатӣ аз зумраи онҳо буда, имрӯз корҳои сохмтонии он бо маром идома дорад. Ҳамарӯза дар ин иншоот 40 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб мешаванд.
Дар асоси лоиҳа бино аз тарабхона, коргоҳҳои дӯзандагӣ, пойафзолбарорӣ, толори варзиш, сартарошхона, толори ҳусн иборат буда, ҷиҳати бо ҷои доимии корӣ таъмин намудани беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ шароит фароҳам мегардад.
М. МАҚСУДОВ,
“Садои мардум”