Ноҳияи Дарвоз имрӯз ягона ноҳияест, ки сарфи назар аз баъзе мушкилоти техникию иқтисодӣ дар роҳи баҳрабардорӣ аз сарватҳои зеризаминӣ ба манфиати кишвар ва мардум тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду тавсеаи соҳибкории истеҳсолӣ қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Ҳоло бо ибтикори ширкатҳои маҳаллӣ, ба ҷуз Корхонаи ангишти «Равноб», боз ду корхонаи шустушӯйи тилло дар ин мавзеъ ба фаъолият оғоз намудаанд, ки яке аз ин корхонаҳо ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таконголд» тааллуқ дорад.
Директори генералии ҶДММ Корхонаи заршӯйии «Таконголд» Саймуддин Абдураҳмонов дар суҳбат бо мо гуфт, ки бори нахуст моҳи августи соли гузашта бо ҷалби 75 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба қабаткушоии ин қитъаи замин шурӯъ кардем. Техникаву механизмҳоро ба ин мавзеъ интиқол додем. Аз шохобҳои рӯдхонаи кӯҳӣ то макони шустушӯйи тилло қубурҳои обрасониро васл намудем. Аммо баъди ду моҳи фаъолият ба иллати боришоти зиёди барф маҷбур шудем, ки корро қатъ кунем. Саймуддин Абдураҳмонов ҳамчунин гуфт, ки аксарияти конҳои тилло дар мавзеъҳои дурдаст ва иқлимаш сарду сербориш ҷойгиранд. Чун реҷаи корамон мавсимӣ мебошад, дар баробари корҳои қабаткушоӣ ҳамзамон ба омӯзиши коргарону мутахассисон низ машғул мешавем.
Худи роҳбари ин корхона — Саймуддин Абдураҳмонов муҳандиси кӯҳкан аст ва фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1995 аз Артели заршӯйии «Помир» шурӯъ кардааст. Мавсуф соли 2003 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати 120 нафар аз коргарону мутахассисони тоҷик ба давлати Муғулистон фиристонда мешавад. Чаҳор сол дар яке аз корхонаҳои бузурги заршӯйӣ бо номи «Золотой Восток», ки соле то шаш тонна тилло тавлид мекард, кор кардааст. Баъди бозгашт чанд муддат дар Кони ангишти «Равноб»-и ҳамин ноҳия ба сифати муҳандис фаъолият намуд. Баъдан барои такмили касб ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт ва пас аз хатми давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид. Акнун кӯшиш мекунад, ки донишу таҷрибаи андӯхтаашро ба мутахассисони ҷавон ёд диҳад.
Саймуддин Абдураҳмонов дар идомаи суҳбат афзуд, ки техникаву механизмҳои хитойӣ ба шароити иқлими кӯҳистон чандон мувофиқ нестанд ва зуд — зуд аз кор мебароянд ва натиҷаи дилхоҳи истеҳсолӣ ба даст оварда наметавонем. Аз ин рӯ, соли равон барои дастрас намудани технология бо яке аз ширкатҳои шаҳри Челябински Федератсияи Россия шартнома бастем. Боварӣ дорем, ки бо истифода аз технологияи русӣ натиҷаи кори мо ду баробар афзоиш меёбад. Ҳадафи мо ин аст, ки бо истифода аз неруи зеҳнию корӣ ҳар чӣ бештар сарватҳои зеризаминии худро истифода барем ва батадриҷ ҳиҷрати ҳамватанони худро ба кишварҳои хориҷӣ коҳиш диҳем.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»