Як соли соҳибистиқлолӣ

№110-111 (4693-4694) 08.09.2023

(хроникаи рӯйдодҳои муҳим аз 9.09.2022 то 9.09.2023)

8-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода додани «Майдони Истиқлол» доир гардид. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд. Маҷмааи «Истиқлол» аз 121 метр баландӣ иборат буда, қисми поёнии он 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991 ба даст овардани истиқлолияти давлатиро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмаа 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

***

13-уми сентябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ, ки аз толори муҳташами варзишӣ ва Академияи футболи «Ювентус» иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

16-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.

***

18-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иштирок ва суханронӣ карданд. Дар он намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карда, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро баррасӣ карданд.

***

24-уми октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо рафти татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд. Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО «Норак» аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст.

***

27-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид. Дар ин ҷамъомади сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

***

27-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил баргузор гардид, ки раёсати баргузории онро раиси ассамблеяи мазкур, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко бар уҳда дошт. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласа иштирок кард.

***

7-уми ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйир­ёбии иқлим (СОР 27) иштирок ва суханронӣ карданд.

***

16-уми ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар чорабинии бошукӯҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ — Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев доир гардид, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

***

20-уми декабри соли 2022 дар пойтахти мамлакат ­Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе» ба фаъолият шурӯъ кард. Ин корхонаи саноатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи азими қолинбофӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди саноат», солҳои 2022-2026 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд гардидааст. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нави истеҳсолӣ 500 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхонаи нави саноатӣ дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 метри мураббаъ қолин бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи милливу аврупоӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 1 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ қолинро дар бар мегирад.

***

30-юми январи соли 2023 дар доираи сафари кории ­ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода дар ҷаласаи 17-уми Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ дар мавзӯи «Таҳдидҳо, бозсозӣ ва рушд» суханронӣ намуд.

 ***

2-юми феврали соли 2023 дар Федератсияи Россия ҷаласаи дуюми раисони кумитаҳо (комиссияҳо)-и парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

21-уми марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон», ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Аз 22 то 24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир гардид. Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об, ки пас аз 46 сол баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.

***

25-уми апрели соли 2023 Пешвои миллат, Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ташриф оварда, агрегати рақами 1-и ин иншооти муҳими энергетикии мамлакатро ба кор дароварданд. Агрегати рақами 1-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунадаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад.

***

Бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 то 19-уми майи соли 2023 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатӣ анҷом доданд.

***

Аз 22 то 23-юми майи соли 2023 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.

***

Дуюми июни соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

***

Аз дуюм то чоруми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» оид ба дзю-до доир гашт, ки аз рӯи натиҷаи он мунтахаби дзю-дои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.

***

8-уми июни соли 2023 Амири Давлати Қатар бо сафари  давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд.

***

19-уми июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварда, қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат карданд.

***

19-уми июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

15-17-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд. Зимни ин сафар аз ҷониби Сарвари давлат якчанд корхонаи саноатӣ, иншооти маъмурию иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, беморхонаи марказии шаҳр, корхонаи истеҳсоли мебел, корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ, дар ноҳияи Роштқалъа зеристгоҳи барқии НБО «Себзор», хатҳои интиқоли барқи 110 — киловолтаи «Себзор-Хоруғ», «Ванҷ-Рӯшон» ва неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб мавриди истифода қарор дода шуд.

***

20 августи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Дар ҷараёни сафар ва суҳбату мулоқотҳо масъалаҳо оид ба таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои истеҳсолӣ ва рушди сайёҳӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника ва тандурустӣ ва дигар соҳаҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

DSC_811425-26-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом доданд. Зимни ин сафар мулоқоти сатҳи олии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев доир гардида, сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқис­тон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ иштирок карданд.

  Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»