…. Немисҳо Отахон Низомовро ба нишон гирифта, даҳҳо ҳазор тир холӣ карданд, — маълум мешавад, ки вай на фақат дар байни ҷанговарони фронти Шимоли Ғарбӣ, балки дар байни немисҳо низ машҳур аст. Колхозчии ӯзбек аз фритсҳои корозмуда ҳунармандтар баромад: аз даҳҳо ҳазор тири онҳо ба Низомов яктааш ҳам нарасид, аммо чандсад тири Низомов ҷони палиди 101 фритсро аз тани мурдорашон ҷудо кард. Ҳар гоҳ ки дар байни ҷанговарон сухан аз душманкушӣ меравад, Отахони шӯх ва ҳазлдӯст: «хуни саду як немис дар гарданам» — мегӯяд.
Снайперӣ санъатест басе мураккаб ва меҳнатталаб. Ба замми донистани хусусиятҳои милтиқи худ ва нозукиҳои нишонгирии оптикӣ (оптический прицел), ба кас боз якчанд сифатҳо лозиманд, чунончӣ – пурсабрӣ, ҳилагарӣ ва монанди инҳо. Пурсабрӣ умуман дар зиндагонӣ ва хусусан дар ҷанг бисёр зарур аст, лекин дар санъати снайперӣ аз ҳар чӣ заруртар мебошад. Дарвоқеъ, сабри азиме лозим аст, кас дар гармо ва сармо, зери барфу борон соатҳои дароз, гоҳҳо аз субҳ то шом аз як ҷой чашм наканда, душманро пояд. Вале ишқи бепоёни Ватан ва ғазаби ҷӯшон бар душман, ба ҷанговари сурх дар муқобили сахтӣ ва уқубатҳои фронт қувваи сабр ҳам медиҳанд, ҳунари ҷанг ҳам меомӯзанд.
Отахон Низомов дар доманаи як бешазори хилват ба худ камингоҳ сохтааст. Камингоҳ ё худ позитсияи оташкушоии вай якто не, панҷто. Снайпери мо онҳоро дар ҳар ҷо — ҳар ҷо, дар ҷойҳое, ки будани камингоҳ ва одамизод ҳеҷ ба гӯшаи хаёли кас намеояд, сохта, ҳар кадоми онҳоро хуб паноҳ кардааст. Аз он камингоҳҳо дар масофаи чандсад метр ҷондоре ҷунбад, Низомов мебинад, лекин худи вайро ҷондоре дида наметавонад. «Туро эҳтимол парандагони беша ҳам набинанд»- ҳазлкунон мегӯянд рафиқони Низомов.
Снайпер ҳар рӯз ба шикори душман мебарояд. Аксар вақт, ҳамин ки вай тири ҷонгудозе холӣ карда, ягон фритси беэҳтиётро кушт, немисҳо дар ғазаб шуда, ба ҷое, ки овози милтиқ баромад, аз пулемёт, автомат ва милтиқҳо оташ меборонанд. Лекин тири онҳо ба ҷои холӣ мехӯрад, чунки Низомови ҳилакор аллакай аз он камингоҳ ба камингоҳи дигар гузашта, такопӯи душманро тамошо карда, ба ҳоли вай хандида хобидааст…
Немис душманест боэҳтиёт ва пухтакор. Вай дар пасу пеши истеҳкомҳои худ баҳудаю беҳуда гардиш кардан намегирад. Ногоҳ намоён шудани сари фритс аз ҷое, ба нишон гирифтан ва тир холӣ кардани снайпер ба вай, ғалтидани фритс — ин ҳамагӣ дар як лаҳза воқеъ мешавад, аммо снайпер ин лаҳзаро соатҳо ва баъзан даҳҳо соат мепояд. Сабру тоқат дар ана ҳамин ҷо лозим аст.
Дар яке аз «шикорҳо», пас аз интизориҳои чандсоата Низомов, чунон ки худи вай шӯхикунон мегӯяд: «ба дидори фритс восил шуд»: фритс яшики тирро ба кифт бардошта, давон-давон ба ҷое мешитофт. Низомов рост нишон гирифта, як тир холӣ кард. Фритс рӯйнокӣ ба замин фурӯ ғалтид. Снайпери мо бо табассуми шодӣ зуд ба камингоҳи дигар гузашта гирифту аз қароргоҳи душман чашм наканда, хобид. Шояд барои гирифта бурдани мурдаи фритс ё ки яшики тир як фритси дигар ба тарафи он мурда гаваккашон меомад. Низомов бо як тир ин мурдорро ҳам бо фритси якум ба роҳи ҷаҳаннам ҳамсафар кард. Паи ҳамдигар боз ду фашист морвор ба сӯи кушташудагон хазид. Ду тири снайпери забардаст инҳоро ҳам аз паси он ду нокас ба «дорулбақо» фиристод.
Снайпер Низомов якчанд шогирдҳо дорад. Аксари вақт вай яке аз шогирдонашро бо худ ба «шикор» мебарад ва дар ҷанги ҳақиқӣ ҳунари онҳоро имтиҳон мекунад, таълими снайпериашонро такмил медиҳад. Ин дафъа устод ба «шикор» аз шогирдонаш — ҷавони украинӣ Костенкоро бо худ гирифт. Ҳар ду камин гирифта хобиданд. Чанд соат гузашт – ба қасдаш гирифтагӣ барин якта ҳам фритс наменамояд. Костенко бетоқат мешавад.
- Чи бало зад ба инҳо? – мепурсад вай аз Низомов. – Худи немис дар ин ҷоҳо ҳаст ё не?
- Ҳа, душманкушӣ осон гуфта хаёл карда будӣ-мӣ? – ҷавоб медиҳад Низомов.- Бардошт кун. Дар истеҳком умрбод нишастан мумкин не-ку! Охир ягонтааш мебарояд. Қазои ҳоҷат, ҳавои тоза гуфтанӣ…
Дар ҳамин вақт аз траншея сари як фритс намудор шуда, сухани Низомов нимкола монд.
- Паррон! — гуфт устод ба шогирд.
Костенко тир холӣ кард, лекин тираш хато хӯрд. Фритс аз траншея ҳаллос зада баромад, акнун дидан мумкин буд, ки вай офитсер аст. Офитсер таппончаашро бароварда, ба тирпарронӣ даромад. Вай ба тарафи ДЗОТ чизе гуфта, фарёд зада буд, ки аз он ҷо пулемёт «ба сухан даромад». Борони тир ба домани беша даҳ-дувоздаҳ дақиқа борид. Снайперони мо ба камингоҳи дуртар гузашта, аз душмани ба ғазабомада чашм наканда, ҷим хобиданд. Немисҳо пас аз холӣ кардани якчанд лентаи пулемёт оташкушоиро бас карданд. Офитсер: «ҷазои снайперони русро додам» — гуфта хаёл кард магар, бо табассуми хурсандӣ таппончаашро ба ғилоф андохта, истода буд, ки дар ҳамин лаҳза ногаҳон як тири ҷоншикори Низомов вайро чаппа карда, ба замин ғалтонд.
Ҷанговари бебок Отахон Низомов 101 немисро кушт. Дар вақте ки ин сатрҳо навишта мешаванд, вай ҳисоби фашистони кушташударо зиёдтар кардааст. То рӯзи чоп шудани ин очерк снайпери моҳир ин рақами шуҷоат ва интиқоми бешафқатро боз ҳам афзунтар хоҳад кард.
Капитан С. Улуғзода, Армияи амалкунанда
«Тоҷикистони сурх», 15 январи соли 1943 №12