Чанде пеш яке аз наздиконам бемор шуд ва ӯро дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» бистарӣ карданд. Ҳар гоҳе ки ба аёдат мерафтем, дар баробари он ки ҳолаташро беҳтар дармеёфтем, ҳамчунин, аз муҳити дармонгоҳ, муомилаю муносибати кормандони он хушҳол мешудем.
Ҳамҳуҷраҳои бемор Саитой Ниёзова (аз шаҳри Ҳисор), Саъбагул Қосимова (аз шаҳри Душанбе), Зуҳро Раҷабова (аз ноҳияи Варзоб) ва Ҷумъагул Толибова (аз ноҳияи Рӯдакӣ) аз рӯзноманигор буданам огоҳ шуда, хоҳиш намуданд, ки ба табибон ва онҳое, ки баҳри барқароркунии саломатиашон заҳмат мекашанд, тавассути рӯзномаи «Садои мардум» миннатдорӣ кунем.
Дар маркази саломатӣ метавонед дилхоҳ маврид ба сардухтур Музаффар Раҷабзода ҳамсуҳбат шавед. Дари ҳуҷрааш ҳамеша боз аст ва ӯро дар саҳни дармонгоҳ (зимни назорати тозагӣ) ва аксар вақт дар назди беморон дидан мумкин аст.
Мушоҳида кардем, ки сарҳамшираи Маркази табобатӣ Мастона Асоева дар баробари кордонӣ, соҳиби эҳтироми ҳамкорон будан, ҳамчунин, муниси беморон аст. Ӯ ҳамеша кӯшиш менамояд бо ҳамкасбону беморон ва наздикони онҳо муомилаи хуб дошта бошад.
Фаъолияти табиби ҷавон Сино Исматуллозода низ лоиқи тавсиф аст. Аз суҳбати кӯтоҳ бо ӯ аён гардид, ки воқеан, вориси сазовори ҳакими бузургу номовари тоҷик Абӯалӣ ибни Синост.
Беморон аз банда хоҳиш карданд, ки дар навиштаамон номи мудири бахш З. Гуева (табиби варзидаю собиқадор), ҳамшираҳои тиббӣ Марзия Раҳмонова, Фирӯза Худоиева ва парасторон Гулнора Ҳасанова, Фаришта Ҳамдам ва Рухшона Ҳалимоваро низ зикр намоем. Хушо ба ҳоли чунин табибон, ки қалби беморонро ба даст овардаанд. Ба қавли шоир:
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»