Рӯзҳои 22 — 24-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад.
Ин ҳамоиши байналмилалӣ дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии савдои байналмилалӣ, ба хотири баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав ва густариши ҳамкориҳо миёни мамолики минтақа доир хоҳад гашт.
Дар доираи ярмарка баргузории Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Чунин ярмарка дар вилоят бори нуҳум доир мегардад ва соле қабл дар ин чорабинӣ беш аз 400 соҳибкор аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Хитой, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Беларус ва Қазоқистон ширкат варзида, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин зарфияту имконоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ ошно гардида, 60 созишномаи нави ҳамкориро ба имзо расониданд.
Мухтори Абдулло,
«Садои мардум»