Иқдомҳои наҷиб

Ятимони кулл соҳиби хона мешаванд

№98 (4838) 12.08.2024

ЯТИМ СУЛ 250724Дар доираи сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ятимони кулли ноҳия шаҳраки нав бун­ёд мешавад.

Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Саид Шукуров иброз дошт, иқдоми мазкур аз ҷониби ташкилоти «Хайрияи Тоҷикис­тон» амалӣ гардида, бо ин мақсад дар деҳоти «Золи Зар» ду гектар замин ҷудо шудааст.

Дар баробари бунёди хонаҳо, инчунин, бунёди муассисаи таълимӣ барои 192 хонанда, муассисаҳои тандурустию фарҳангӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

- Феълан дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 34 ятими кулл умр ба сар мебаранд, ки марҳила ба марҳила барои онҳо хонаҳои истиқоматӣ сохта мешавад, — гуфт С. Шукуров.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»