Аълохон Афсаҳзод аз зумраи донишмандони бузурги тоҷик маҳсуб меёбад. Мавсуф аз нафаронест, ки дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёту маориф саҳми арзанда гузоштааст. Тӯли ҳаёти пурбаракати хеш беш аз 700 асару мақолаҳои мукаммал навишта, миёни аҳли илму адаби кишвар ва хориҷ аз он маълуму машҳур аст. Илова ба маҳбуби мардум будан, хизматҳои эшон бо унвону мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. А. Афсаҳзод доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи байналмилалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии Исломии Эрон) буд.
Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари ҳаёт ва фаъолияти пурсамари ин донишманди бузурги тоҷик дар Конфронси илмии байналмилалӣ, ки 18 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, бахшида ба 80-солагии номбурда баргузор шуд, сухан рафт. Ин ҳамоиши илмӣ бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир карда шуд. Дар он олимон ва адибони маъруф, шогирдону пайвандони А. Афсаҳзод ҳузур доштанд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз карда, мухтасар аз хизматҳои арзандаи мавсуф дар пешрафти илму маорифи кишвар ёдовар шуд. Сипас, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар мавзӯи «Аълохон Афсаҳзод-адиби варзидаи тоҷик» маърӯза кард.
Дар конфронс ҳамзамон чанде аз олимону адибони дигар, ҳунарпешагон, шогирдони устод А. Афсаҳзод аз хотироти хеш нақл карданд. Дар поёни конфронс ду китоби навчопшуда — «Номаҳо ва пайғомаҳои Аълохон Афсаҳзод» ва «Хайрёди Аълохон Афсаҳзод» рӯнамоӣ шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»