Дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор бахшида ба 105 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Таблиғгари дӯстии халқҳо» маҳфили адабӣ доир гардид. Иштирокчиён аз хизматҳои арзандаи устод Мирзо Турсунзода, ки баробари назми олӣ, ҳамчунин дар таҳкими дӯстии халқҳо саҳми беназир гузоштааст, ёдовар шуданд. Алоқамандони каломи бадеъ Мардонқул Ашӯров, Саидмурод Расулӣ ва Шамсиддин Қудратов дар робита ба ин андешаронӣ намуданд ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз эҷодиёти устод М. Турсунзода шеърҳо хонданд. Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи консертиро аз ашъори устод пешкаши ҳозирин гардонданд.
Дар гӯшаи махсуси китобхона ҳаводорони назм бо асарҳои Мирзо Турсунзода ва китобу мақолаҳои ба эҷодиёти шоир бахшидашуда шинос шуданд.
Абдуҳалим Султонов, корманди китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор