Корвони ёрии башардӯстона барои зарардидагон аз офати табиии навоҳии Тоҷикистон иборат аз 25 адад мошинҳои боркаши Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз шаҳри Ош ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона гардид. Пештар бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳоти осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ, мисли ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой кумаки хайрия расонида шуда буд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаҷми умумии ёрии башардӯстона ба 52,6 ҳазор доллари ИМА баробар буда, он асосан аз масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва либоси гарм иборат мебошад. Тавре Замирав Ҷумағозиев — сардори умури фаврии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки корвони ёрии башардӯстонаи бародарони қирғизро роҳбарӣ мекунад, хабар дод, ин корвон дар асоси амри Ҳукумати мамлакати ба мо дӯст ва ҳамсоя, ки рӯзи 7 август ба имзо расида буд, ташкил шудааст.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»