Ёрии моддии мардуми Масчоҳ ба сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло

№ 17.05.2021

Офат МирзоБино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ, сокинони сарбаланди он чун шаҳрвандони дигар шаҳру навоҳии  кишвар ба зарардидагони минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара дасти мадад дароз карданд.

11 майи соли равон корвони мошинҳо аз ноҳия ба деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ворид шуд.

Барои барқарор кардани хонаҳои харобшудаи сокинони деҳа 20 ҳазор дона хишти пухта, 15 тонна семент, 2 ҳазор адад хишти бетонӣ, 8 метри мукааб тахта, 160 дона шифер, 75 кг мех, 20 дона фанер ва ба оилаҳои осебдида қолину кӯрпача, орду равған ва  биринҷу макарон дастрас гардид.

Сардори Ситоди вилоятии барқароркунии оқибатҳои муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи наздисарҳадии шаҳри Исфара-сармеъмори вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки  барқароркунии манзилҳои  тахрибшуда вусъати тоза гирифт. Дар баъзе аз ҳавлиҳо корҳои бетонрезӣ ба анҷом расида, девори хонаҳо бардошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барқароркунии манзилҳои зикршуда бояд то 5 июн ба итмом расад.

М. МАҚСУДОВ,

 «Садои мардум»