10 апрел-Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ

Ёвари боэътимоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

№35 (3181) 09.04.2014

знак копияБо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993  Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тӯли фаъолияти 20- солааш он ёвари боэътимоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани худро  собит сохт.

Дар ин робита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст, ки фаъолияти онро дар доираи талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим менамояд.

Доир ба фаъолияти имрӯзаи Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорамон бо муовини фармондеҳи Раёсати мазкур оид ба кор бо ҳайати шахсӣ полковник Саймурод Иззатов мусоҳиб гардид.

-Қӯшунҳои дохилӣ 20 сол қабл чун ҷузъи таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираи боэътимоди доимоамалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис дода шуд,-гуфт дар суҳбат полковник Саймурод Иззатов. Ҷузъу томҳо он замон аз ҷиҳати таъминоти техникӣ номукаммал ва дар ҳайати шахсии он танҳо кадрҳои маҳаллӣ боқӣ монда буданд. Аксари ҷавонмардон аз ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки хизматро адо мекарданд, воқеияти хавфу хатар доштани  мухолифати дохилиро ба хубӣ дарк мекарданд. Аз ин рӯ, ҳамчун афсарони ба қасами ҳарбӣ содиқ дар сафи ватандӯстони асил ҷой гирифтанд ва баҳри осудагии мардум, сулҳу субот, истиқлоли Ватан ҷонбозиҳо карданд.

Бешак, хизмати ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар барқароркунии сохти конститутсионии кишвар калон аст. Маҳз дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандӯстиро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон доданд.

-Борҳо шоҳиди корнамоӣ ва диловарии афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ шудаем, -мегӯяд полковник Саймурод Иззатов. Чунончӣ, онҳо амалиёти хеле  мушкилро оид ба халъи силоҳ гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаҳои гуногун  бомуваффақият анҷом додаанд. Хусусан амалиёти доирнамудаи онҳо дар бораи аз байн бурдани хафви ошӯби полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев шоистаи таҳсин аст. Дар вақти як қатор иншоотҳои муҳимро тасарруф кардани дастаи Маҳмуд Худойбердиев (дафъаи дуюм соли 1998) ҷанговарони Қӯшунҳои дохилӣ амалиёти фаврии десантӣ гузаронда, аз ҳудуди вилояти Суғд ғосибонро берун карданд. Ҷолиб аст, ки дар ин  амал бо ҳисси баланди ватандӯстӣ сокинони вилоят, хусусан сокинони шаҳри Хуҷанд бо сарварии генерал- майори мустаъфӣ Абдуманнон Ғозиев қувваҳои ҳукуматиро  сидқан дастгирӣ намуданд. Ба асолати воқеии муҳофизати Ватан ҷиддан сарфаҳм рафта, дастаҳои размандагони собиқ мухолифин ба ҳайати Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гашта, мардонагиву диловарӣ нишон доданд. Чунин  муттаҳидӣ, фидокорӣ ҳангоми доир намудани амалиёти мураккаб бар зидди дастаҳои террористии Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов ба хубӣ дида мешуд.

Амалиёти бобарор, ҳалкунанда бар нафъи сулҳу осудагии диёр дар фаъолияти 20- солаи Қӯшунҳои дохилӣ зиёданд. Дар рӯзҳои осоишта низ онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматии худ устуворанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ минбаъд ҳам дар иҷрои вазифаҳои худ барои таъмини  амнияти давлатӣ, сулҳу оромӣ, зиндагии осоиштаи мардум ва тартиботи ҷамъиятӣ тамоми таҷриба ва донишро ба кор бурда, ба халқу Ватан  содиқонаю софдилона хизмат мекунанд.

Меъёри айёнияти маҳорату малакаи ҷангӣ ва омодагӣ ба корнамоию фидокорӣ дар ҳаёти осоишта ин машқҳои гуногунмавзӯи низомӣ мебошад. Аз машқҳои низомии муштараки сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои  ИДМ таҳти унвонҳои «Сипар», «Сипари ҷануб», зиддитеррористӣ («Антитеррор- 2006») маълум шуд, ки нишондодҳои ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ  фарқкунанда ва мусбат арзёбӣ гардидаанд. Хусусан иштироки онҳо дар  машқҳои муштараки дараи Мағов (шаҳри Ваҳдат) сазовори баҳои баланди нозирони низомии байналмилалӣ гашта, унвони «Уқоби кӯҳӣ» -ро соҳиб шуданд. Бештар аз 150 нафар афсарон, прапоршикҳо ва сарбозон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи давлатҳои аъзои ИДМ сарфароз гардиданд. Дар машқҳои муштараки дохилии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ низ ҷанговарони Қӯшунҳои дохилӣ пайваста маҳорати баланди омодагии касбӣ нишон медиҳанд.

Бо дастгирии доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кумаки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов шароити хизмат, таъминоти техникӣ ва кадрҳои соҳибмаълумот дар Қӯшунҳои дохилӣ рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Бисёр афсарон хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон мебошанд. Айни замон бештар аз 60 нафар афсарони оянда дар курсҳои пурраи омӯзишии ҳарбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил доранд.

Дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ баҳри мустаҳкам намудани тартибу интизоми ҳарбӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ корҳои зиёде бурда мешавад. Зеро риоя ва таҳкими тартибу интизом вазифаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад. Он омили пешравӣ ва ҳама гуна комёбиҳо дониста мешавад,- изҳор дошт дар поёни суҳбат полковник Саймурод Иззатов.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»